Зулфия чандин сол пеш аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Восеъ ба хонадони обрӯманди пойтахт келин шуд омад. Хонае, ки Зулфия келин шуда омад, дар рӯ ба рӯйи яке аз Комиссариатҳои ҳарбии пойтахт ҷой гирифта буд.
Ҳангоми даъвати мавсими наваскарон назди ин бинои қудратӣ серодам мешуд. Аксари падару модароне, ки аз роҳҳои дур ба суроғи фарзандонашон меомаданд, дар шаҳр на хонаву дар доштанд на хешу табор. Онҳо рӯзи дароз дар пушти дарҳои бастаи ин идораи қудратӣ ташнаву гурусна менишастанд. Зулфия ҳоли зори чунин одамонро медиду дилаш реш-реш мешуд, хусусан вақте ки баъзеашон дари ҳамсояҳои хушдоманашро кӯфта, об мепурсиданд ё қазои ҳоҷат кардан мехостанду соҳибхонаҳои шаҳрии олуфта ин қишлоқиҳои хокпошро ба хонаҳояшон роҳ намедоданд. Зулфия аз дилсӯзӣ онҳоро ба хонааш дароварда, чою об медод ва дар наздашон дастурхон кушода меҳмондорӣ мекарду дуои некашонро мегирифт. Овозаи ҳалиму хоксорӣ ва саховатмандии ин ҷавонзани меҳрубон оҳиста-оҳиста дар байни мардум паҳн гашта, шумораи «меҳмон» -ҳои Зулфия рӯз аз рӯз зиёдтар мешуд.
Як субҳ Зулфия бо кори муҳиме аз хона баромаданӣ буд, ки садои занги дар баланд шуд. Дарро боз намуда, зани деҳотинамоеро дид, ки дар тан куртаи васеи тоҷикиву дар сар рӯймоли сафеди калон дошт. «Хонаи Зулфияи кӯлобӣ ҳамин аст?» пурсид меҳмони нохонда ва худро яке аз ҳамдеҳаи модари Зулфия муаррифӣ кард. Зулфия ҳарчанд ба чеҳраи зан зеҳн монд, ӯро нашинохт, вале аз рӯйи таомули тоҷикона сир бой надода, ӯро ба хона таклиф карду духтари калонияшро ҷеғ зада фармуд, ки барои меҳмон дастурхон орояд, вай зуд расида меояд.
Духтараш Дилафрӯз, ки он рӯз аз хонаи шавҳар ба хонаи модар омада буд, меҳмонро ба меҳмонхона дароварда дастурхон партофт ва рӯйи хонро бо шириниҳои гуногун пур карда, барои дам кардани чой ба ошхона рафт.
Зан аз фурсат истифода бурда ба чор тарафи хона чашм духт. Чашмаш ба гӯшвораву ангуштарин ва дастпонаи тиллоии нигинҳояш аз алмоси холиси арӯсак-Дилафрӯз афтид, ки дар болои миз мехобиданд. Меҳмони ғоратгар зарру зевари қиматбаҳои Дилафрӯзро оҳиста аз болои миз гирифта, дар таҳпӯшаш пинҳон кард ва дигар майли нишастан накарда, бо баҳонаи он, ки писарашро аз комиссариат бароварданд, аз хона баромада рафт. Дилафрӯз аз якбора осемасар баромада рафтани зан чизеро пай набурда, аз паи ғундоштани дастурхон шуд. Аз байн қариб ним соат гузашт. Дилафрӯз кору бори хонаро саришта карда, хост либосҳояшро иваз карда чалаву гӯшвораҳояшро андозад. Арӯсак ҳамаҷоро такорӯ карда бошад ҳам, аз зару зевараш ному нишоне наёфт. Аниқ медонист, ки чалаву гӯшвораву дастпонаҳояшро дар болои миз монда буд, вале ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, осоре аз тилловориҳояш надид. Вай бо ранги паридаву овози ларзон ба модараш занг зада, хабари гум шудани ҷавоҳироти гаронбаҳояшро расонд. Зулфия аз нимароҳ баргашт. Дар ҳақиқат тилловориҳои духтараш, ки ҳангоми арӯсиаш ба ӯ туҳфа карда буданд, аз хона дар чанд дақиқа ғайб задаанд. Ба ғайр аз ҳамон меҳмони нохонда дигар касе ба хона надаромада буд, бинобар ин, Зулфия ба ҷустуҷӯи ҳамшаҳриаш даромад, вале зан гӯё ба қаъри замин фурӯ рафта бошад, ӯро аз ягон ҷо наёфт. Ба мағозаи ҷавоҳироти дар наздикии хонаашон буда рафтанд. Фурӯшанда иқрор шуд, ки чанде пеш ҳамон зане, ки онҳо меҷӯянд, ба мағоза даромада пешниҳод кард, ки гӯшвораву дастпонаҳоро харанд, вале фурӯшанда пули яклухт надошту зан зару зеварро бо худ бурд.
Аз комиссариати ҳарбӣ то мағоза чанд камера пайваст карда шуда бошад ҳам, зани ғоратгар дар ягон камера наафтидааст. Аз ин бар меомад, ки дар дуздиву фиребгарӣ таҷрибаи калон доштааст.
Зулфияи софдилу дасткушод акнун фаҳмид, ки чаро ҳамсояҳояшон ба рӯйи одамони бегона, ки дари онҳоро мекӯбанд дарҳояшонро намекушоянд. Пештар фикр мекард, ки чаро одамон ин қадар нисбати якдигар дилсарду номеҳрубону бераҳманд. Акнун фаҳмид, ки онҳоро ҳаёт, зиндагӣ, таҷрибаи талхи рӯзгор чунин эҳтиёткор кардааст. Рафтори ғайри инсонии ин зани дасташ қалб ба ӯ сабақи бузурге гашт дар зиндагӣ.