Сарнавишти Бӯрибой
Бӯрибой дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ дар оила фарзанди ягона аст. Волидонаш дар тӯли умрашон соҳиби 13 фарзанд гашта бошанд ҳам, бо амри тақдир 12 фарзандашон дар батни модар ё баробари ба дунё омадан вафот кардаанд.
Қиссаи аҷиби маҳз Бӯрибой ном гирифтани ӯ низ ба ҳамин ҳодисаҳои нохуш рабт дорад. Мутаассифона, то ба имрӯз дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон хурофотпарастӣ вуҷуд дорад ва деҳае, ки Бӯрибой он ҷо зиндагӣ мекунад, истисно нест. Тавре ки худи қаҳрамони мо нақл мекунад, пас аз он, ки 12 фарзанди волидонаш пай дар пай аз олам мегузаранд, касе аз аҳли маҳалла ба онҳо маслиҳат додааст, ки агар ин дафъа худованд барояшон фарзанде ато намоянд, агар кӯдак духтар бошад, Бӯригул ва агар писар бошад, Бӯрибой ё Гургалӣ ном ниҳанд, зинда мемонад. Мардуми кӯҳистон гургро бӯрӣ мегӯянд ва ин зану шавҳари ташнаи фарзанд дар дил аҳд мекунанд, ки агар худо барояшон писар диҳанд, номашро Бӯрибой мегузоранд, то ки мисли гург ба ҳама душвориҳои зиндагӣ тобовар гашта, сиҳату саломат ва далеру шуҷоъ ба воя расад. Ҳамин тавр пас аз чанд муддат модараш боз ҳомиладор шуда, ӯро ба дунё меорад ва номашро Бӯрибой мегузоранд.
Бӯрибой мегӯяд, ҳанӯз аз замони кӯдакӣ бачаҳои аз худаш калонтар ӯро Гургак, Гургалӣ, ваҳшӣ гӯён масхара мекарданд, аз ҳамин сабаб аз волидонаш норозист, ки чаро мисли дигарон ба фарзандашон ягон номи зебо ва пурмаъно нагузошта, лақаби як даррандаи хунхор ва ваҳширо мондаанд. Падари Бӯрибой Гадоалӣ ном доштааст ва ин ном низ ба ӯ тамоман писанд нест. Аз ҳамин сабаб мехоҳад ному насабашро иваз намояд, вале ба куҷо муроҷиат карданашро намедонад.
Бӯрибой ягона шахсе нест, ки аз ному насаби худ норизост. Шумораи шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун мехоҳанд ному насаби худро иваз намоянд, хеле зиёд аст, вале аксарият намедонанд, ки барои иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст ва ё қонун ба ин кор иҷозат медиҳад ё не.
Иваз намудани ному насаб аз нигоҳи қонун
Тибқи қонунҳои ҷорӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ доранд. Тартиби иваз намудани ному насаб ва бақайдгирии давлатии он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ нишон дода шудааст. Иваз намудани насаб, ном ва номи падар бо риояи талаботи моддаи 20-и қонуни мазкур сурат мегирад.
Барои иваз кардани насаб, ном ва номи падар ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?
Шахсоне, ки мехоҳанд насаб, ном ва номи падарашонро иваз намоянд, бояд бо ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати худ муроҷиат намоянд.
Ноболиғон ҳуқуқи иваз кардани ному насаби худро доранд?
Шахсони синни солашон аз 18 боло бидуни ягон монеъа метавонанд мустақилона бо ариза барои иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба сабти асноди њолати шањрвандии ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд. Ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола бо розигии падару модар ному насаби худро иваз карда метавонанд. Аммо ному насаби кӯдакон ва наврасони то 16-сола танҳо бо аризаи муштараки падару модар ба мақомоти сабти асноди њолати шањрвандї иваз карда мешавад. Мувофиқи қонун дар сурати набудани розигӣ байни падару модар барои иваз намудани ному насаби кӯдак ин масъала дар асоси қарори мақомоти васояту парасторӣ ҳал карда мешавад.
Ба ариза кадом ҳуҷҷатҳоро бояд замима кард?
Дар ариза сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падарро нишон дода, ба он ҳуҷҷатҳои зеринро замима намудан лозим аст:
1) Шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб,
ном ва номи падарро дорад
2) Шаҳодатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ
қарор дошта бошад
3) Шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз фарзандони ноболиғ, агар соҳиби фарзанд бошад
4) Шаҳодатномаи фарзандхондӣ ё шаҳодатномаи муқаррар намудани
падарӣ, агар аз ҷониби мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронда шуда бошад
5) Нусхаи шиноснома, шаҳодатнома ё нусхаи сабти таваллуди падар, модар ё бобо, агар шахс хоҳад насаби худро аз ном ва насаби онҳо мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур ташаккул диҳад.
Бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар
Тартиби бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар моддаи 68-и қонуни мазкур дарҷ гаштааст. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз понздаҳ рӯз бояд баррасӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ягон монеъаи қонунӣ ному насаб иваз карда шуда, ба ҳуҷҷатҳои шахс тағйирот ворид карда мешавад ва шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дода мешавад. Дар шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар насаб, ном, номи падар то ва баъд аз иваз кардани он, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати шахсе, ки насаб, ном ва номи падарро иваз кардааст ва дигар маълумотҳои муҳим дарҷ карда мешавад. Пас аз иваз намудани ному насаб ба шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи шахс тағйирот ворид карда шуда бо ному насаби нав ба ӯ шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома дода мешавад.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.