Дар шаби Соли нав ҳама мехоҳад зебо бошад, зеро он шаби фаромӯшнашаванда аст. Аммо дар интихоби ороиши солинавӣ ҳамеша занҳо азият мекашанд. Ба хотири осон кардани мушкили шумо-хонумҳои азиз чанд маслиҳати муфидро пешкашатон месозем.
Дар бораи ороиши рӯй чиро бояд донист?
Муҳимтарин чиз дар ороиши рӯй он аст,ки рангу бори мекардаи зан ба чашми инсон чандон нонамоён ва ҳуснаш табиӣ ба назар расад. Аз ҳамин хотир пеш аз оне, ки ба ороиш шурӯъ мекунед, бояд ҳатман пӯсти рӯятонро тоза шуста, аз ниқобҳҳои намноккунанда истифода баред. Вақте ки пӯст тоза ва барои ороиш кардан омода гашт, пардоз ва рангу бор карданро сар кунед.
Тири нигоҳи ошиқкуш
Ороиши чашмон бо тирҳо (птички) шуморо дар байни мардум фарқ мекунонад ва бешубҳа таваҷҷӯҳи оммаро ба худ ҷалб мекунед. Агар шумо бори аввал тирча мекашида бошед, кӯшиш кунед, ки қалами ғайримуқаррариро гиред ва бо он тирча кашед.Тирҳо метавонанд кабуд, сабз, арғувонӣ, тиллоранг ва ҳатто сурх бошанд.
Дар рангҳо тӯли солҳои зиёд ҳамчун ороиши маъмултарин боқӣ мондаанд ва илова бар ин, комилан ба ҳама мувофиқ меоянд. Дар ороиши чашм аз қаламҳои дурахшон истифода баред, беҳтар аст. Бо истифода аз қалам ё пилки қаҳваранг, канори абрӯро хуб ранг кунед ва аз як кунҷ тирро кашед.
Мӯъҷизаи гулбарги лабон
Дар ороиши лабҳо аз рангҳои баланд истифода кунед, олиҷаноб мешавад.Ин тарзи ранг кардани лаб асосан ба духтароне,ки рангҳои равшанро бисёр дӯст медоранд, мувофиқи мақсад мебошад.
Барои онҳое, ки ороиши классикиро дӯст медоранд, ин усул тавсия дода намешавад. Ба шумо маслиҳат медиҳам, ки дар атрофи лабонатон бо қалам тир кашида, аз помадаҳои рангашон начандон дурахшон истифода баред. Ин тарзи ороиш шахсияти шуморо нишон хоҳад дод.
Ороиши идона
Чун ҷашни Соли навм аст, метавон аз рангҳои гуногун истифода бурд. Метавонед ду қалами ранга ё лайнерҳои ранга гиред, масалан, сабз ва кабуд. Бо истифода аз ранги сабз, аз маркази чашм ба кунҷи дарунӣ тирча кашед, баъд тирчаи кабудро аз мобайни пилк то кунҷи берунӣ кашида, шумо ба чашмони худ ҷозибаи махсус мебахшед. Барои баланд бардоштани таъсири ороиши идона метавонед ба кунҷи чашматон тени дурахшон молед