tobiston
Мехоҳам тоҷик таваллуд шавам
262

Ман се сол боз дар хонаи пиронсолонам. Ин ҷо ба ман хонаи худам шудааст. Зеро ҳама эҳтиром мекунанду касе ҳам озорам намедиҳад. Ҳар чӣ хоҳам, парасторону духтурон муҳайё мекунанд.

Таърихи ба инҷо омаданам чунин аст, ки чун ягона писарам ба ватани бобоияш, Русия рафт, танҳо мондам. То замоне, ки қувват доштаму корҳоямро худам иҷро мекардам, ба касе ва чизе муҳтоҷ набудам, зеро аз ҷои корам нафақаи хуб мегирифтам. Вақте, ки писарам болиғ шуду маро партофта рафт, гӯё қувваю дармонамро ҳам бо худ бурд. Аммо ҳамсояҳои тоҷикам маро намегузоштанд, ки дилгиру ранҷур шавам. Вақте, ки аз пой мондам, онҳо маро бо навбат нигоҳубин мекарданд. Вале дигар нахостам онҳоро ранҷ диҳам ва барои ҳамин ба роҳбарони корхонаи собиқам муроҷиат намудам, ки маро ба хонаи пиронсолон баранд. Онҳо розӣ шуданд ва рӯзе, ки маро аз хона мебурданд, тамоми ҳамсояҳо ба гуселам баромаданд ва баъзеҳо ҳатто гиря карданд.

Акнун ман сокини доимии хонаи пиронсолонам ва аз кардаам пушаймон нестам. Ба мардуми тоҷик ҳавасам меояд, ки ҳеҷ гоҳ фарзандони онҳо падару модари худро мисли Сергейи ман намепартоянду то охирин лаҳза эҳтиромашон мекунанд. Ман аз зиндагии гузаштаи худ норозӣ нестам, ба ҷуз он, ки як фарзанди қобил ба воя расонида натавонистам. Ҳоло ҳар рӯз ҳамсояҳои худро ёд мекунам. Гоҳ-гоҳе баъзеашон барои дидорбинии ман меоянд, ки аз онҳо миннатдорам.

Агар дубора таваллуд шавам, мехоҳам, ки тоҷик таваллуд шавам...

Мария САВЧЕНКОВА, 78-сола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД