Се сол пеш ба мо хабар дода буданд, ки барордаратон Мансур дар шаҳри Новсибирски Русия аз тарафи қиморбозон кушта шудааст. Модарам баробари шунидани ин хабари шум рӯю мӯяшро канда, либоси мотамӣ пӯшид.
Хоҳаронам низ қатори модарам дар сӯги бародари ҷавонмаргашон хун гириста, ончунон сӯхтанд, ки рангашон заъфарон ва шабеҳи барги хазонзада гаштанд. Умедвор будем, ки ақалан ҷасади бародарамро ёфта, меорему дар хоки Ватан ба хок месупорем, вале ҳарчанд суроғ кардем, мурдаашро ҳам наёфтем. Хонаамон як сол дар ғами баробари мурдаи бе кафан мотамсарой буд, модарам шабу рӯз дар ғами фарзандаш нолаи ҷигарсӯз мекард.
Аламаш бештар аз он буд, ки фарзандаш аз ин дунё ақалан як пора кафан ҳам бурда натавонист. Нолида-нолида оқибат ба бемории руҳӣ гирифтор шуд модарам. Бародари мо бо як гурӯҳ қиморбозони ин шаҳр ҳамкорӣ ошноӣ доштааст ва дар яке аз бозиҳои калон пули калон бой дода, гурехтааст.
Мафиозҳо аз дари фурӯдгоҳ бародарамро медоранд ва барои пулро надода гурехтанаш хуб лату кӯб карда, бо худ мебаранд. Рафиқонаш гуфтанд, ки баъдтар ба онҳо занг зада гуфтаанд: «ошноётонро пӯсту пар карда, ҷасадашро луқмаи сагон намудем».
Мо ба гапи рафиқонаш бовар карда, бо қарзу қавола маъракаҳои мотами бародарамро гузаронидем. Қомати падарам аз ғами писар шикаста буд, вале се сол пас як рӯз бародари «раҳматиамон» худаш бо пойи худ ба хонаамон омад.
Мардуми деҳа «мурдаи аз он дунё баргашта»-ро дида, ба даҳшат афтиданд. Модарам писари гумкардаашро дар рӯ ба рӯяш зиндаву саломат дида, якбора ҳушёр шуд ва ба гап даромад. Бародарамон асири ҳамон мафиозҳо будааст, вале дар бораи воқеаи ба сараш омада чизе намегуфт.
«Писарам азобҳои аз дасти он хунхорҳо кашидаашро ба ёд овардан намехоҳад» гуфта, падарам нагузошт, ки пурсуҷӯ намоем. Хуллас, мол кушта, барои зинда баргаштани бародарам се рӯз ош додем. Шукри Худо мегӯем, ки моро дубора ба дидори гарми бародарамон мушарраф намуд.
Суҳбатуллои Регарӣ