Sebiston new 2024 october
Медалҳои тилло ва нуқраи олими тоҷик аз Корея
371

Номзади илм аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи медали тилло ва нуқраи Президенти Ассосиатсияи занони ихтироъкори давлати Корея гардид.

Рухшона Аловиддинзода, номзади илмҳои химия, ходими пешбари озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Химияи глитсерин” ба номи узви вобастаи АМИТ, д.и.хим., профессор Кимсанов Б.Ҳ. дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор дар маркази байналмилалии намоишгоҳи Корея “KINTEX” доир гардида буд, иштирок намуда, бо ду ихтирооти худ - “Тарзи ҳосил кардани 1 хлор-3-глитсилглитсилопропан-2 ол” ва “1,5-дифенил-3,7-диметиленпергидо-оксини фаъолияти зидибактериявӣ” бо медали тилло ва нукра сарфароз гаридидааст.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор рӯзҳои 20-23 июли соли равон дар шаҳри Коянги Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии бонуфуз аз ҷониби ассотсиатсияи занони ихтироъкорони Корея “KWIK” дар ҳамкорӣ бо “KIP” ташкил карда шуда, ҳадафи он мусоидат ва эътирофи ихтирооти занон дар саросари ҷаҳон мебошад.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор бо 375 ихтироот аз 19 давлат, аз ҷумла: Полша, Эрон, Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Ӯзбекистон ва ғ. иштирок намудаанд.

Ин Намоишгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи фаъолияти ихтироъкории занони миллатҳои гуногун ва ба бунёди робитаҳои устувори илмӣ равона карда шуда буд.

Тазаккур дод, ки солҳои охир 3 нафар занҳои ихтирокори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди 10 адад ихтирооти худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло аз ҷумла 1 медали тиллои созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 2 медали нуқра ва 3медали биринҷӣ гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД