Ман як зани маъюбам, ки ба хотири таъмини зиндагӣ кор мекунам. Мехостам донам, ки оё маъюбон дар ҷойи кор ягон хел имтиёз доранд?
Ш. А.
Посух
Мувофиқи талаботи моддаи 258-и Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд, ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат ё дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд.
Даст кашидан аз бастани шартномаи меҳнатӣ, гузаронидани маъюб ба кори дигар, таҷйир додани шароити меҳнат бо сабаби маъюб будан роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи хулосаи тиббӣ ҳолати саломатии ӯ барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ монеагӣ мекунад ё ки ба саломатии ӯ ва ё бехатарии меҳнати дигар шахсон таҳдид мекунад.
Мувофиқи талаботи моддаи 259-и Кодекси мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон шароити меъёрбандӣ, пардохт ва ҳифзи меҳнат, реҷаи корӣ, тартиби якҷоя кардани касбҳо (мансабҳо), шароитҳои техникӣ, санитарӣ, гигиенӣ, истеҳсолӣ-маишӣ, инчунин дигар шароитҳо бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд ҳолати кормандони маъюбро бад намоянд ё ҳуқуқи онҳоро дар муқоиса бо дигар кормандон маҳдуд кунанд. Истифодаи меҳнати маъюбон дар корҳои вазнин, кор бо шароитҳои зарарнок ва хавфноки меҳнат манъ карда мешавад. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд, метавонад кафолатҳои иловагӣ, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар намудаанд, дода шаванд.
Хулосаи тиббӣ дар бораи реҷаи нопурраи вақти корӣ, кам кардани ҳаҷми кор ва дигар шароити меҳнати маъюбон барои иҷрои корфармо ҳатмӣ мебошад.
Мувофиқи талаботи моддаи 260-и Кодекси мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II вақти кори давомнокияш кӯтоҳ на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
Давомнокии кори ҳаррӯзаи (басти кории) маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз 6 соат зиёд буда наметавонад.
Мувофиқи талаботи моддаи 261-и Кодекси мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон барои кормандони маъюби гурӯҳҳои I ва II истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда роҳ дода намешавад.
Ба кормандони маъюби гурӯҳи III ҷамъи вақти кории баҳисобгирифташуда муқаррар карда намешавад, агар чунин реҷа бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда шуда бошад.
Мувофиқи талаботи моддаи 262-и Кодекси мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон ҷалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакорӣ, дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ танҳо бо розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, агар чунин кор бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад.
Мувофиқи талаботи моддаи 263-и Кодекси мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон ба корманди маъюб ҳар сол рухсатии меҳнатии пардохтшаванда тибқи ҷадвали рухсатиҳо, ки корфармо бо розигии онҳо тасдиқ намудааст, бо риояи меъёрҳои моддаи 94 Кодекси мазкур дода мешавад.