arzon replenishment
Майк Тайсон маҷбуран аз палангҳои худ даст кашид
1596

 

Майк Тайсон, муштзани машҳур, собиқ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни зиёд миёни варзишгарон ва ҳунарманди 53-солаи амрикоӣ ниҳоят маҷбур шуд, ки аз палангҳои худ даст бикашад.

Ҳунарманд баъди аз зиндон озод шуданаш се паланги ваҳширо ба хонаи худ оварда, ҳамроҳи онҳо зиндагӣ мекард. Тайсон аввали моҳи апрел дар сӯҳбат бо хабаргузории «AS» иқрор шудааст, ки аз палангҳои худ баъди ҳамла ба як ҷавонзан даст кашидааст. «Ҷавонзане пинҳонӣ ба ҳавлии ман даромада, бо яке аз палангҳоям, ки Кения ном дорад, бозӣ кардан хостааст. Ин ҳайвони ваҳшӣ, ки занро намешинохт, дар аввал ҳамроҳаш бозӣ карда, баъдан ногаҳон дасташро газидааст»,-гуфтааст, Тайсон дар сӯҳбат бо «AS». Баъди ин ҳодиса ҳунармандро ба додгоҳ кашиданӣ шудаанд, вале зани ҷабрдида гуноҳи худро ба гардан гирифта, иқрор шудааст, ки аз болои девор парида, ба ҳавлии Тайсон даромадааст. «Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба зан 250 ҳазор доллар пардохт кардам. Ҳарчанд худи зан гунаҳкор аст, аммо аз палангҳои худ ин корро интизор набудам. Онҳо хеле боқувватанд ва метавонанд инсонро ба қатл расонанд»,-дар идомаи сӯҳбат афзудааст, ҳунарманд. Дар ниҳояти кор Тайсон дарк кард, ки ром кардани палангҳои ваҳшӣ имкон надорад ва аз онҳо даст кашид. Майк Тайсон соли 2009 бори севум оиладор шуд ва худи ҳамон сол духтарчаи 4 солааш ҳангоми бозӣ ба симтӯр бархӯрда, дар бемористон ҷон дода буд.

 

 

Ғайр аз духтарчаи фавтидааш, 6 фарзанди дигар дорад, ки бузургиаш 30-сола ва хурдиаш 9-сола мебошанд. Дини Исломро қабул кардааст ва 15 сол мешавад, ки дар муҳорибаҳо иштирок намекунад. Дар зиёда аз 50 филм нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД