1xbet
Мавзуна Чориева: Агар модари мо қаҳрамон намебуд, мо ҳаргиз қаҳрамон намешудем!
25.06.2025
Oila.tj
207

Ман аз кӯдакӣ ҳамеша либосҳои мардона мепӯшидам ва бо писарон бокс машқ мекардам. Албатта, дар деҳа ин чиз қобили қабул нест.

Шабе бедор шуда, ҳис кардам, ки модарам гиря карда истодаанд. Пурсидам, ки очаҷон, барои чm гиря доред? Модарам гуфтанд, ки мардум духтарат либосҳои бачагӣ мепӯшад гуфта, дар маъракаҳо ба ҳоли ман механданд, вале ман боварӣ дорам, ки ту дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кардаӣ, духтарам. Ҳамеша дар намозҳоям пеши худованд дуо мекунам, ки ба қуллаҳои баланд бирасӣ ва рӯзе шавад, ки мардум дидани туро орзу кунанд.

Ҳамин сухани модарам дунёи маро такорӯ кард ва дар пеши худам мақсад гузоштам, ки ман бояд қаҳрамон шавам. Вақте ки дар бозиҳои олимпӣ ғолиб омадам, ба хона занг задам. Модарам гуфтанд, ки духтарҷон, ту то ҳол фақат либосҳои мардона мепӯшидӣ, акнун бояд ҳамчун духтари тоҷик бо куртаи чакан байрақи Тоҷикистонро баланд бардорӣ, то ҳама қавму миллатҳо ба чӣ қодир будани миллати тоҷик ва духтари тоҷикро бубинанд.

Ва ман ҳамчун ғолиб бо куртаи чакан ба майдон баромадам.

Агар модарони мо қаҳрамон намебуданд, мо ҳаргиз наметавонистем зӯрии худро, қудрати худро нишон дода, қаҳрамони ҷаҳон шавем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД