Мавзуна духтари ботарбия, хушқаду қомат ,рангу руяш ҳам бад нест.Дар дили даҳҳо ҷавон писар орзуи васли ӯст.Аз раис писарҳо саркарда то ба калонову калоншаванда хостгори духтаратон.
Касе нест,ки надонад,ки дар таълиму тарбия ранги ӯ духтар дар деҳа нест.Ҳаммаи ин як тарафу ба саводии ӯ тарафи дигар.Ман ёздаҳ сол боз муаллимаи дарсдиҳандаи ӯям то имрӯз боре ӯро бе китоб ҷойе надидаам.Ҳамеша ба дарс тайёр аст, ягон саволатро бе ҷавоб намемонад.Дар ин рӯзҳо чунин духтарҳо ками дар кам вомехӯранд,ки доим аз пайи илму дониш бошанд.
Хулосаи гап суханро дароз намекунам, чаро намегузоред Мавзуна барои хондан ба шаҳр равад?
Ман аз рӯзи ба дунё омадани Мавзуна дар дилам орзуи хондану бомаърифат шудани ӯро дорам.Кадом модар намехоҳад фарзандаш дар ҷомеа мавқе дошта бошад, барои худ касе бошаду дар зиндаги мӯҳтоҷи дари нафаре нагардад, аммо “шаҳр барои духтарбачча ҷойи хубе нест, меравад ягон фалокат мешавад, дар пеши ҳамсояю хешутабор шарманда мешавем”- мегӯяд падараш .Мебинам, ки Мавзуна дар дил танҳо орзуи хондан дорад, вале чи илоҷ аз дасти ман коре намеояд.
Худованд дари бахтро ба рӯяш боз кунад, бо куртаи сафед ӯро бинам, дигар дар дилам ормоне намемонад.Р аҳмат барои гуфтану дар фикри духтари ман буданатон.
Мавзунаи ман барои ҳамма таърифи буд. Аз даҳ панҷааш ҳунар меборид.Субҳи барвақт мехест ба рӯби чини хонаву дар то поси шаб. Лаҳзае бе кор мемонд даравакак ба сари китобу дафтар менишаст.
Дар сӯҳбатат шинад доим аз илму дониш сухан сар мекард.Барои худ дунёе дошт , ки дар он танҳо аз хондан сухан мерафт. Доим мегуфт занҳо дар ҷомеа барои кору бори хона ба дунё наомадаанд,онҳо ба ҳамма кор қодиранд . Дар шаҳр занҳо дар идораиу корхона беморхонаву китобхона матабу мадраса кору фаъолият мекунанд. Худо хоҳад ман ҳам ба мисли онҳо мешавам.
Модар будан бисёр душвор аст , ба хусус модари духтари ҷавон бошӣ, доим дилат дар токопӯ, ки куҷо буду куҷо рафт.
Тарбия кардани духтар мешкил ас,т беҳуда намегӯянд, ки духтар монанди суф ас,т як бор ки доғдор шуд, дигар тоза намешавад.Ман ҳам ҳамеша дилам дар ларза буд, ки ояндаи Мавзуна чи мешуда бошад. Ин духтар орзуҳои калон дорад .Раваду зиндаги ба хости дилаш пеш наравад, чӣ мешуда бошад.
Хостгорҳояш ҳам як дута не, раису занаш остончаи хонама охурча карданд.Шаб меоянд рӯз меоянд.Аммаш ду сол шуд дастархон меоварду дил шикаста шуда мерафт.А ммо Худованд тақдиги Мавзунаҷони манро бо хатти сиёҳ навишта будааст.Вақте синфи ёздаҳ шуд, ду поро ба як мӯза мемонд,ки шаҳр хонданӣ меравам.
Падараш як одами якрав иҷозаи хонданро надод.Гуфт “духтара чию хонданаш чӣ, хап сарашро хам карда гардад, шабу саҳар ба писари раис медиҳемаш.Нағз тайёр шавад барои зиндаги дар он ҷо аз китобу дафтар касе ӯро намепурсад.Сари бе болоямро болодор накунад духтарат. Духтарат хонданро монаду дар фикри зиндаги шавад хубтар”Бо шунидани ин суханҳо духтарам хун мегист.
Баъд аз суханони падар дигар Мавзунаро шинохтан намешуд.Доим дилаш ғамгин, чашмони шаҳлояшро ашк ҳалқа зададасту дилаш аз дунё хунук шуда рафта буд. Сарашро аз рӯйи замин намебардошт, на ба коре машғул мешуду на бо касе ҳарфе мезад.
Як рӯз аз дарс омад, ки рангу рӯяш парида, чун барги бед меларзид. Ба ту чи шуд гӯён пурсам чунон дод зада гирист, ки писари раис Манучеҳрро дар роҳ дидааст.Ӯ бошад дар байни роҳ дар назди ҳамсинфонаш ба Мавзуна хандидаст, ки” ба хондан меравам туро намегирам,ту боринҳо дар паси дари мо кам нестанд,вале назири ман ягонтояшро намегирад. Баъд аз ин дигар маро дар деҳа намебинӣ. Насиб карда бошад, мехонаму диплом мегирам.Куҷо шуд нози бози олимаи моро. Шаҳр меравам мегуфти, намедонистам шаҳри ту хонаи мо будаст. Хай ҳиҷ гап не китобҳои хондаатро ба гови сиёҳи мо нақл мекуни, дипломи туро ӯ медиҳад .....”
Субҳ аз хонаи раис одам омад, ки шаб борои фотиҳаи духтар меоянд.Ман барӯбу чин машғул машғул шудаму ба Мавзуна фармон додам, ки барои руйӣ дастурхон ягон чиз омода кунад, ки шаб дар назди қудоҳо шарманда нашавем.
Бегоҳ ҳамма хешу табору ҳамсояҳо ҷамъ омаданд.Қудоҳо як мошин пур омаданд.Мавзуна тайёрии хуб дидааст, рӯйи хони мо ба ҷуз шири мурғ дигар ҳамма чиз буд.Маросими ноншиканонро он шаб хуб гузаронидем, ҳамма хурсанду хандон аз тӯй ҳарф мезад. Раис мегуфт “ як тӯйе кунам, ки мислашро касе то ба имрӯз надида бошад. Баъдаш хурду калони деҳа фақат аз раису тӯяш гап зананд...”
Эх, чи дунёеву чи савдое, ҳеч кас аз пешомадаш хабар надорад... Баъди гусели меҳмонҳо Мавзуна мисли шамол ба чамъу гири хона часпид. Барои ёрдам ба ошхона ба наздаш рафтам, вале бо лаби хандон “очачон, монед ман худам мекунам.Шумо рафта хоб кунед, имрӯз бисёр ҳалок шудед.Равед” гуфта маро бӯсид...
Субҳи барвақт хестам, ки ҳама ҷо тозаву озода.Дару дарвоза ба мисли оина. Садои парандаҳо тамоми руйи ҳавли паҳн, вале садои парандаи ман дар байни ин садоҳо нест.
Ҳамаҷоро гаштам аз Мавзуна нишоне нест. Рӯйи мизи хона китобҳояш чошу парешон.Дар рӯйи китобаш навиштааст “ ман рафтам ба сӯйи дарёи орзуҳоям”
Гӯё хона бар сарам чапагардн шуд, дод зада чониби дарё давидам, вале афсус...
Аз марги ӯ се сол гузаштаасту доғаш дар қалби ман ҳанӯз тоза аст, охир ҷигарҳо хун мешавад то як фарзанд камол ёбад. Дар насибу тақдири мани сарсахт ҳасрати фарзанд будааст.
Офтоб ҳар рӯз тулӯъ мекунад вале офтоби умри Мавзунаи нозанин ман барои ҳамеш ғуруб кард. Либоси сафеди Мавзуна кафан шуд...
Оҳ дарё, дарёи қотил...
Як хато боиси хотимаи умри Суман гашту як умр пушаймонии волидайн. Чаро падарону модарон дар зиндаги садди роҳи донишомӯзии духтарони худ мешаванд?