Аҷдодони мо беҳуда зарбулмасали “Аз бекорӣ кадукорӣ”-ро кор нафармудаанд, чунки то кадом андоза рост будани ин гуфтаҳо вақтҳои охир аз кирдорҳои содиршуда аз тарафи ҷавонони бекор собит гардид. Сокинони кишвар, алалхусус ноҳияи Ҷ. Балхӣ қариб ҳар рӯз аз он шикоят менамоянд, ки чорвои онҳо аз ҷониби нафарони ноаён рабуда шудааст ва онҳо хисороти калони молиро дидаанд. Дуздҳо гумон доштанд, ки ин амали онҳо аз назари дигарон пинҳон мемонанду онҳо бизнеси муфташонро тақвият додан мегиранд, аммо...
Бинобар иттилои дафтар матбуоти ВУД, дар асоси аризаҳои шаҳрвандон оиди аз тарафи шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон, аз чониби кормандони шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ се нафар аз сокинони ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи мазкур, ҳамчун гумонбарони ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Шаҳрвандон Раҷабов Заровиддин, соли таваллудаш 1989, Ғиёсов Мирзораҳим, соли таваллудаш 1984 ва Сафаров Тоҳир, соли таваллудаш 1989 дар 7 ҳолати дузии чорвоҳои сокинони ноҳия даст доранд.
Манбаъ меафзояд, ки ин се нафар бо маслиҳати пешакӣ дар муддати моҳҳои ноябр ба декабри соли 2020 аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинон ва манзилҳои истиқоматиашон чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуда, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.