Қиссаи як зани маккор, ки бо макру фиреб духтарони содаву зудбоварро ба дом афканда ба Дубай бурда, ба фоҳишагӣ мефурӯхт
Бандаи нафс
Синну соли Мавлуда аз 40 гузашта бошад ҳам, ҳеҷ ақлаш ба сараш намезад. Одатан дар ин синну сол занҳо хеле солор гашта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дигаронро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, вале ин зани беандеша натанҳо худаш ҳеҷ аз роҳи хато барнамегашт, балки дигар занону духтарони тоҷикро низ бо макру ҳилла ба домаш афканда, гумроҳ мекард. Нафси бад Мавлударо чунон ғуломи хеш гардонида буд, ки ба хотири дарёфти пули муфт аз ягон кори хато ибо намекард. Вай ба қавли худаш “ба васвасаи шайтон афтида буд” ва сари ҷиноят ба даст афтида, чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ намуд. Шавҳараш “ин занак маро дар байни дӯст душман шарманда кард. Дигар умрамро бо чунин зани беандеша зоеъ кардан намехоҳам” гуфта, дар сари суд талоқи Мавлударо дод. Ҳамин тавр аз рӯйи нафс шуда, ӯ ҳам аз бахт монду ҳам аз хонаву дари обод ва ҷояш пушти панҷараи зиндон гашт, вале ин ҳама шикастҳои зиндагӣ барояш дарси ибрат нагаштанд. Мавлуда баъди ба озодӣ баромадан даст ба амали нангине зад, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад...
Дугонаҳои зиндонӣ
Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Мавлуда низ аз як нигоҳ ҳамҷинси худаш будани Инобат ном зани зиндониро пай бурда, дар маҳбас бо ин зани ҳиллагар дугонаи ҷонӣ шуда монд. Инобат чунон зани маккор буд, ки ба қавли кампиракон ҳатто шайтонро ҳам дарс медод. Ин зан қиссаи зиндагии Мавлударо шунида, ӯро тасаллӣ дод, ки аз сиёҳбахт шуданаш ягон зарра малул ва хафаву зиқ нашавад, насиб бошад, ҳамин ки аз зиндон озод шуданд, бо кӯмаки ӯ роҳашро дар зиндагӣ ёфта, соҳиби пулу моли зиёд мешавад ва чунон шоҳона зиндагӣ мекунад, ки “шавҳари ношукраш”шунида ангушти пушаймонӣ газад.
Он вақт Мавлуда ба маънии ин суханони Инобат чандон сарфаҳм намерафт, вале баъди ба озодӣ баромадан ин ду зан бо ҳамдигар қаринтар гашта, ба “духтарбизнес” гузаштанд...
Харидори тақдирсӯз
Дар наздикии манзили Мавлуда мағозаи хурдакаке буд ва ин зани айёр баъди аз маҳбас баромадан ҳар бегоҳ аз ҳамон мағоза маводи хӯрока мехарид. Бо ҳамин баҳона ӯ бо фурӯшандаи ҷавону зебои мағоза, ки Парвона ном дошта, дар ҳақиқат парӣ барин хушрӯй буд, аз наздик ошно шуд. Парвона духтари шаҳрӣ бошад ҳам, содадил ва зудбовар буд, меҳрубониҳои сохтаи Мавлудар дида, духтарак ӯро ба мисли апааш дӯст дошта монд. Ҳамин тавр онҳо ба қавле дугонаи наздик шуда, ба хонаи ҳамдигар рафту омад мекардагӣ шуданд. Парвонаи паричеҳра аз шавҳараш ҷудо шуда, зиндагии хеле сахту сангин дошт. Мавлуда ҳолу аҳволи ин ҷавонзани зебову парипайкарро медонист ва як шом гӯё аз рӯйи дилсӯзӣ ба ӯ пешниҳод кард, ки аз баҳри кор дар мағоза гузашта, ҳамроҳаш ба Дубай равад.
-Апа, мо дар Дубай чӣ кор мекунем?-ҳайрон шуда пурсид Парвона.
-Ман дар он ҷо Инобат ном апахонд дорам ва ба назди ӯ коркунӣ рафтаниям. Розӣ бошӣ, ҳамроҳ ба Дубай меравем ва дар як нонвойхона кор карда, пули калон ба даст меорем. Ду-се сол кор карда пул ҷамъ мекунем, баъд ба Ватан баргашта одамвор зиндагӣ мекунем,-бо дили пур гуфт Мавлуда...
Дар Дубай “дугонаи ҷонӣ” доштани Мавлударо шунида, Парвона розӣ шуд, ки ҳамроҳи ӯ ба Арабистон равад, вале як пули пучак ҳам надошт.
-Апа, барои ба хориҷа сафар кардан шиносномаи хориҷӣ ва пули бисёр лозим аст, вале ман чунин имконият надорам,- гуфт Парвона шармгинона.
-Парво накун, ман ба Инобатхон мегӯям, ки аз пули худаш барои ту шиносномаи хориҷию чипта бигирад, баъде, ки ба Дубай рафтем, кор карда,қарзашро бармегардонем,-дилпурона ваъда дод Мавлуда...