Formula september
Мавлуда: Дод аз дасти марди латта!
6329

 

Солҳои зиёдест, ки шавҳарам барои дарёфт намудани қути лоямут дар яке аз шаҳрҳои сарди кишвари рус дар сохтмон кор мекунад. Фарзандони бечораам рӯйи падарашонро ба серӣ намебинанд, мардакам дар чанд сол як бор ба Ватан меояду як моҳ ҳам наистода боз рахти сафар мебандад.

Маблағи мефиристодааш базӯр ба хӯрока мерасад, худам дар бозор майда-чӯйдафурӯшӣ карда, барои фарзандонам сару либос ва пойафзоли тобистонаю зимистона мехарам, пули мактабашонро медиҳам, дигар хароҷотҳояшонро таъмин менамоям. Бе мард зистану фарзандонро дар танҳоӣ тарбия кардан ба дилам задааст, бар асари кори вазнину дар ҳавои сард нишаста савдо кардан саломатиям рӯз ба рӯз бад шуда истодааст, бар замми ин, руҳан сахт монда шудаам. Бачаҳоям рӯз ба рӯз калонтар шуда, талаботашон торафт меафзояд, фарзанди калониамро бе падараш оиладор карда қарздор шудам. Ҳар рӯз қарздодагон ба дари хонаам омада, талаб карда истодаанд, ки хонаамро фурӯхта пули онҳоро баргардонам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаву хоҳарони мардакам «ин хонаву дар азони падарамон аст» гуфта, бо таънаю пичингашон ҷонамро ба лабам мерасонанд. Дар ҳоли ногувор монда, чӣ кор карданамро намедонам. Рӯз ба рӯз аҳволамон бадтар шуда истодааст, барои ҳамин қарор додам, ки дарди диламро бо воситаи сомонаи шумо ба шавҳарам бирасонам, бошад, ки ақлу ҳуши мардаки бепарвои ман ба сараш зада ба Ватан баргардад ва зану фарзандонашро соҳибӣ кунад.

Шавҳари Мавлуда:

Занам исрофкор аст!

Сабаби асосии ба чоҳи қарз ғӯтидани занам исрофкориву тайёрхӯрияш аст. Ин занаки беақл пояшро баробари кӯрпааш дароз накарда, аз худ бойхотун метарошад. Ҳар рӯз дилаш хӯроки бомазаву сайру тамошо мехоҳад. Бо маоши ночизи дар ватан мегирифтаам шиками ин нозгулакро сер карда натавонистам, барои ҳамин сарамро гирифта ба Русия омадам. Занам дар ҳамин ҷо ҳам маро ҷонбезор карда, ҳар рӯз занг зада пул мепурсад. Фикр намекунад, ки мани дар умрам аз кори сохтмон бехабар дар кишвари рус ғайр аз «подсобник» шуда кор кардан дигар илоҷ надорам. Ҳоли зори муҳоҷирон ба худатон маълум, вазъият дар мусофират вазнин аст. Сабаби ба тӯйи фарзандам нарафтанам дар он аст, ки ҳатто пули билет надоштам. Тамоми маблағи дар даст доштаамро ба хона фиристодам, вале занам «пули кам фиристодӣ, бо ин маблағ ягон чиз харида намешавад» гӯён, исён карду маҷбур шудам, ки боз аз хӯҷаин қарз гирифта фиристам. Бе пул дар мулки мардум гушнаю ташна хар барин аз субҳ то нимаи шаб кор мекунам, то чор танга ёфта ба хона фиристам, занам бошад, гумон мекунад, ки ман дар курорти Сочи истироҳат карда гаштаам. Ҳар рӯз занг зада киноя мезанад, ки фарзандонатро омада соҳибӣ кун. Пояшро ба пойи бизнесменҳо дароз карда тӯйи дакаданг оростааст, гӯё шавҳараш дар мулки бегона аз дарахт доллар мечида бошад, бигзор акнун азобашро кашад. Ман қарзи ӯро бар гардонданӣ нестам, чӣ хеле, ки гирифтааст, бигзор ана ҳамон хел пул кор карда, қарзи мардумро худаш диҳад. Сарфакориро ёд гирад, ҳар рӯз ду кило гӯштро бирён карда нахӯраду пули мардумро диҳад. Росташро гӯям, ин занаки исрофкор кайҳо ба дилам задааст, вале ба хотири фарзандон тоқат карда гаштаам. Ҳамин хел ба асабам расидан гирад, дигар умуман ба хона намеравам. Дар ҳамин ҷо ягон бевазани русро ёфта мегирам, ана баъд худаш медонаду фарзандон ва мушкилоташ!

Маслиҳати равоншинос:

Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

Яке аз сабабҳои ба қарз ғӯтидану баъди оиладоркунии фарзандон ба мушкилиҳо дучор гаштани падару модарон дар он аст, ки танзимро риоя накарда, бо сарфу хароҷоти зиёд маърака меороянд. Модоме, ки шароити тӯйи бодабдаба кардан надоштед, чӣ ҳоҷат ба худнамоиву қарзу қавола буд? Мавлудахон, умедворем, ки кори кардаатон ба шумо дарси ибрат мешавад ва минбаъд сарфа кардани пулро ёд мегиред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД