Sebiston new 2024 october
Матин Пирзода барои бадномкунии духтарон дар Инстаграмм ҳабс шуд
583

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати як гурӯҳ занону духтарон блогер Матин Пирзодаро боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, ки зимни пахши якчанд навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, шаъну шарафи занону духтарон ва як зумра ҷавонписаронро паст задааст.

Зикр шудааст, ки ному насаби номбурда Салимов Субҳон Мирзошарифович буда, санаи таваллудаш 27.09.1996 аст ва худаш зодаву истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Заргар буда, фаъолияти блогериро бо тахаллуси Матин Пирзода пешбарӣ мекунад. Ӯ бо мақсади зиёд намудани сафи тарафдорони худ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таҳияи наворҳои бадномкунанда нисбати занону духтарон машғул аст.

Дар натиҷа нисбати блогери дастгиршуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, нисбаташ дар асоси қарори Суди шаҳри Бохтар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД