Гузориши суратдор аз намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ
Имрӯз аз сари субҳ саҳни Маҷмааи Кохи Борбад хеле серодам буд. Сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф бо шунидани хабари баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ аз субҳи солеҳон дар ин ҷо ҷамъ омада, кушодашавии ярмаркаро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят садои нишотангези карнаю сурнай баланд шуда, аз оғози чорабинӣ дарак дод.
Намоиш- фурӯши молу маҳсулоти ватаниро Шаҳноза Ҳамдамова, Директори ширкати “Тайрон” ҳусни оғоз бахшида гуфт:
-Соли нуҳум аст, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин лоиҳа тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, ба вуҷуд овардани рақобат дар байни истеҳсолкунандагон ва мусоидат намудан ба беҳтар шудани сифати маҳсулот, ҳамчунин пастшавии нарху наво дар бозори дохилӣ ва дастгирии соҳибкорони тоҷик мебошад. Чорабинии мазкур ҳам барои истеҳсолкунандагон ва ҳам барои истеъмолкунандагон хеле муфид аст, зеро он ба шинохта шудани тамғаи корхонаҳо мусоидат менамояд, харидорон бошанд, имкон пайдо мекунанд, ки маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои нисбат ба бозор пасттар ба даст оваранд...
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода ва муовини раиси палатаи савдои Тоҷикистон Манзура Рустамова, иштирок намуда, зимни суханронии худ қайд карданд, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2022-ро “5-солаи рушди саноат дар Тоҷикистон” эълон намудааст ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар ин давра айни муддао буда, ба рушди босуръати саноат дар кишвар ва тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр лентаи расмии намоишгоҳ бурида шуда, харидорон бо табъи болида вориди толори намоишгоҳ гаштанд.
Зиёда аз 30 ширкати ватанӣ, аз ҷумла “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Фаровон-1”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, фабрикаи қаннодии “Ширин”, “Шоколатье”, “Кок”,“Раҳмат-2004”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, , “Авицена”, “Сиёма”, “Шоҳамбарӣ”, “Рамис”, “Артел”, “Қолинҳои форс”, “1111 таксӣ”, Маркази зебоии “София”, “Евродент”ва дигар ширкату корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонии мамлакат намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд, равған, макарон, шоколад ва қанду шириниҳои рангоранг, асал, писта, мағз, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, панир, равғани маска, қаймоқ, сематана, маводҳои шустушӯйӣ, собун, қолинҳои хушсифату таҷҳизоти рӯзгор-чангкашак, яхдон, тафдони барқӣ ва анвои дигари маҳсулоту хизматрасониҳои худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд.
Бобои Абдуғаффор 80-сол дошта дар кӯчаи Шарафи пойтахт зиндагӣ мекунад. Ин пири нӯронӣ 26 набера ва 16 анбера дорад. Мӯйсафед аз пули нафақааш барои набераву абераҳояш қанду шириниҳои гуногун харида, бо табъи болида аз Кохи Борбад берун шуд. Бобои Абдуғаффор мегӯяд, нархҳо нисбат ба бозор пасттаранд ва гузаронидани чунин чорабиниҳо кори хайр мебошад, зеро мардум имкон пайдо мекунанд, ки дар арафаи моҳи шарифи рамазон молу маҳсулоти зарурии худро бо нархи дастрас пайдо карда, дастурхони худро пурбаракат гардонанд.
Муҳайё модари ду фарзанд буда, дар маҳаллаи “Политехникум” зиндагӣ мекунад. Ин зан аз намоишгоҳ қаймоқ, панир, творог, ҳасибу ҳасибча, маводҳои шустушӯӣ ва дигар маҳсулоти заруриашро харидорӣ намудааст ва мегӯяд нархи маҳсулот нисбат ба дигар мағозаҳо дар ин ҷо арзонтар аст. Муҳайё хоҳони он аст, ки чунин чорабиниҳо тез-тез баргузор карда шаванд.
Тоҷинисо аз маҳаллаи 103-юми пойтахт маҳз ба хотири дарёфти равған ба ярмарка омадааст. “Дар ин ҷо нархи равған нисбат ба бозор 10 сомонӣ арзонтар будааст, барои ҳамин якбора 4 бақлашкаи 5 литра равған харидам”-мегӯяд ин зан ва шукрона мекунад, ки мамлакатамон тинҷу осуда буда, мардум маҳсулоти зарурии худро бе малол дастрас карда метавонанд.
Миҷгона ҳамроҳи модараш аз маҳаллаи 82-юми пойтахт ба ин намоишгоҳ омада, орду равған, асал, чанд намуд қанду шоколад, панир, равғани маска, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибча ва маводҳои шустушӯӣ харидаанд. Модару духтар аз нарху наво дар намоишгоҳ қаноатманд буда, бар он назаранд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар арафаи моҳи мубораки рамазон айни муддао ва хайру савоб аст.
Фирӯза аз шаҳри Ҳисор маҳз барои орду равған ба ин намоишгоҳ омада, аз он ки маҳсулоти зарурии худро пайдо кард, хурсанд гашт.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар Кохи Борбад боз ду рӯзи дигар-26 ва 27 март идома меёбад. Шумо ҳам метавонед аз намоишгоҳ молу маҳсулоти зарурии худро дастрас намоед.