Дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон - 2021» аз 6 то 9 майи соли равон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад намоиш-фуруши молҳои истеҳсоли ватанӣ баргузор мегардад. Дар намоиш иштирокчиёни лоиҳа – ширкатҳо номгуи зиёди маҳсулоти хурокворӣ, молҳо барои хона, маҳсулоти қаннодӣ, ҳасибӣ, нушокӣ, маҳсулоти ширӣ, косметика, кимиёи маишӣ ва ғайраро пешниҳод месозанд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин ширкатҳои сохтмонӣ ва дорусозӣ иштирок хоҳанд намуд.
Бартарии намоиш - фуруш дар он аст, ки ҳама истеҳсолкунандагон моли худро бо нархи яклухт ба фуруш мегузоранд. Ба ибораи дигар, нархи онҳо аз нархи бозорҳо пасттар, яъне барои харидорон дастрастар хоҳад шуд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони ширкату корхонаҳо, сарпарастҳо ва шарикон, инчунин намояндаҳои ВАО ширкат мекунанд.
Лоиҳаи муҳташами «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон - 2021», ки ташаббускораш Агентии рекламии «Тайрон» мебошад, 20 март шуруъ шуд. Озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ маротибаи ҳафтум гузаронда мешавад. Тули ин солҳо озмун дар ҳаёти иқтисодии кишвар ба падидаи муҳим табдил ёфта, сазовори истиқболу эътирофи аҳли ҷомеа гашт ва дар миёни ҷомеаи соҳибкорон эътибори калон пайдо кард. Лоиҳа ба беҳсозии сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ равона карда шудааст. Зеро маҳз онҳо арзишҳои моддӣ меофаранд, иқтисоди миллиро рушд медиҳанд ва ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳм мегиранд.
«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» - лоиҳаи пурарзиши иҷтимоиест, ки натанҳо ба истеъмолгарон, балки ба ширкатҳо низ ҷолибу муфиду судманд мебошад. Зеро онҳо ба ин васила метавонанд натанҳо дастовардҳои худро арзёбӣ кунанд, балки онро бо комёбиҳои рақибони худ муқоиса созанд.
Дар сомонаи pressa.tj дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» овоздиҳӣ доир мегардад, ки дар ҷараёни он сокинони Тоҷикистон ба Тамғаи писандидаи худ овоз медиханд. Нодирӣ ва вижагии лоиҳа дар он ифода меёбад, ки ба ҳайси коршиносон худи сокинон, яъне истеъмолгарон баромад мекунанд. Барои брендҳо бошад, эътирофи умумихалқии фаъолияти муваффақонаашон беҳтарин мукофот аст.
Соли равон ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи овоздиҳии умумихалқӣ 30 ширкати беҳтарини кишвар дар номинаҳои гуногун баргузида мешаванд. Маросими супурдани ҷоизаҳо ба ТОР-30 ширкати Тоҷикистон 21 май дар Душанбе дар меҳмонхонаи Хайат Риженси сурат мегирад. Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва чоизаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон - 2021» сарфароз гардонда мешаванд.