Arzon march 2024
Маҳсулоте, ки ҳусни занро кам мекунанд
1070

Агар аз нараки пӯст, хушкшавии рӯй ва дигар мушкилоти пӯст азият мекашида бошед, аз истеъмоли маҳсулоти зерин худдорӣ намоед:

Ширинӣ

Таҳқиқотҳои охир нишон доданд, ки ғизоҳои дорои индекси глимекии баланд (нони сафед, қандинаву кулчақанд, шакар, обҳои ширини газнок) наракҳоро дар пӯст зиёд намуда, боиси пиршавии бармаҳали пӯст мегарданд.

Шӯрӣ

Намак обро дар ҷисм нигоҳ медорад, аз ин рӯ, истеъмоли оби сабзавотҳои очонидашуда ва консерваҳо ба пӯст зарари манфӣ мерасонанд.

Фастфуд ва маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикаты)

Гӯште, ки намаку мурч ва дигар адвияҳоро хӯрдааст, дорои натрии зиёд буда, сабабгори варам кардани пӯст мегардад. Ҳамзамон хӯроки равғанин ва дар равған пухташуда ба ҷигар зарар дошта, сабабгори пиршавии бармаҳал мегардад. Барои он ки фастфуд ба шумо зарар нарасонад, бояд пиёзу имбир, “куркума”, витамини Е ва синк истеъмол кунед, вале беҳтараш хӯроки зарарнок истеъмол накунед.

Қаҳва

Дар як рӯз беш аз се финҷон қаҳва нӯшидан ба саломатӣ зарар дошта, хобро вайрон мекунад. Бехобӣ дар навбати худ ба ҳолати пӯст таъсири манфӣ мерасонад, зеро маҳз шабона ҷараёни азнавшавии ҳуҷайраҳо рух медиҳад. Одами камхоб ба назар хаставу пажмурда ва рӯяш пур аз ожанг мегардад. Нафароне, ки бемориҳои рӯдаву меъда доранд, баъд аз истеъмоли қаҳва дар рӯяшон нарак пайдо мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД