Formula novemver 2024
МАҲСУЛОТ ФАРОВОНУ НАРХҲО АРЗОН
1631

 

Гузориши суратдор аз намоиш-фурӯшимаҳсулоти ватанӣ дар Кохи Борбад

Соли 8-ум аст, ки Агентии Рекламавии “Тайрон” иқдоми хайреро пеша намуда, ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар моҳи шарифи Рамазон намоиш-фурӯши маҳсулоти ватаниро ташкил карда, ба сокинони пойтахт молу маҳсулоти хушсифатро бо нархҳои арзону дастрас пешкаш месозад.

Атрофи Маҷмааи Давлатии Кохи Борбад имрӯз хеле серодам буд. Мардуми зиёде аз гӯшаву канорҳои гуногуни шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт сари субҳи солеҳон дар ин мавзеъ ҷамъ омада, кушодашавии намоиш-фурӯши маҳсулоти ватаниро интизорӣ мекашиданд.

Ниҳоят садои пурнишоти карнаю сурнай танинандоз гашта, аз оғози чорабинӣ, ки сокинони пойтахт ва навоҳии атроф чанд рӯз боз онро интизорӣ мекашиданд, дарак дод.

Шаҳноза Ҳамдамова, Директори Агентии рекламавии “Тайрон” намоишгоҳро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чорабинии мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон ва палатаи савдою саноати кишвар доир гашта, ҳадафи асосии он дастгирии соҳибкорони ватанӣ, тарғиби молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва бо нархҳои нисбатан арзону дастрас ба мардум пешкаш кардани маҳсулоти хушсифат мебошад.

Дар расми кушодашавии намоишгоҳ муовини Вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон Солеҳзода Умед Абдулло, Сардори Депортаменти кор бо мизоҷони ширкати мобилии ТСЕЛЛ Саидҷон Нуралиев, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров, муовини директори Оҷонсии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода суханронӣ намуданд ва лентаи рамзиро бурида, ҳозиринро ба намоишгоҳ даъват карданд.

Зиёда аз 30 ширкати машҳури ватанӣ, аз ҷумла фабрикаи қаннодии “Ширин”, корхонаи истеҳсоли торту шириниҳои хушлаззати “555”,  “Шоколатье» , “Молочная радость”,“Шири Душанбе”,“Файзи расул”, “Баҳори пурфайз”,“Рамазон”, “Покиза”, “Сиёма”, “Оби зулол”, “Маколли”, “Ёвар”, “Насим” ва дигар истеҳсолкунандагони ватанӣ торту шириниҳои хушмазза, намудҳои гуногуни шоколад, қанд, мағзу мавиз, орд, макорон, равған, ҳасибу ҳасибча, гӯшти мурғ, маҳсулоти гуногуни ширӣ аз қабили қаймоқ, сметана, йогурт, собун, маводҳои ороишӣ, косметика, кимиёӣ маишӣ ва дигар маҳсулоти хушсифатро бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб мо бо чанд нафар харидорон, ки бо лабони пурхандаю халтаи пурбор аз намоишгоҳ мебаромаданд, ҳамсӯҳбат гаштем.

Холбибӣ Ашӯрова, сокини ноҳияи Шоҳмансур:

Равған 100-сомонию макарон 6-7, ин албатта арзон аст!

-Салом холаҷон! Мебинам, ки табъатон хеле болида аст?

-Раҳмат духтарам! Шунидем, ки дар Кохи Борбад се рӯз, аз 6 то 9-май молу маҳсулоти арзон мефурӯхтаанд, ҳама кору борамро партофта, ҳамроҳи келинам ба ин намоишгоҳ омадам, то ки барои дастурхони идонаамон ягон чиз харем.

-Аллакай харид ҳам кардед?

-Бале, равған, шакар, макарон, йогурт, қаймоқ, гӯшти мурғ, мағзу мавиз, шоколад ва қандҳои рангоранг харидем.

-Нархҳо чӣ гунаанд?

-Нисбат ба нархи бозор хеле арзонтар аст, масалан дар ҷойҳои мо равғанро 125-130 сомонӣ мефурӯшанд, аз ин ҷо бошад, равғанро бо нархи 100 сомонӣ харидем. Як кило макарон дар бозор 9-10 сомонӣ арзиш дорад, ин ҷо бошад, онро бо қимати 6-7 сомонӣ мефурӯшанд.

-Назаратон нисбати чунин чорабиниҳо чӣ гуна аст?

- Ман 5-6 сол боз аз ҳамин виставка маҳсулот мехарам. Соли гузашта коронавирус шуду виставка барпо нагашт. Шукр, ки имсол боз ин кори хайрро ташкил карданд. Аз касоне, ки ин намоишгоҳро ташкил кардаанд, миннатдор ҳастам.

 

Муҳаббат аз ноҳияи Сино:

Кошк чунин ярмаркаҳо тез-тез барпо шаванд

-Як дақиқа вақтатонро мегирам. Худро муаррифӣ мекардед?

-Ман Муҳаббат аз ноҳияи Сино.

-Халтаҳоятон вазнин менамоянд...?

-Чанд намуд колбассаи копченный (ҳасиби дӯддодашуда) харидам, шакару равған харидам, шоколаду мармелад харидам, собуни ҷомашӯию айна ва барои набераҳоям йогурт гирифтам...

-Нархҳо чи хел?

-Нисбати бозор арзонтар аст. Ба ташкилкунандагони ин ярмарка раҳмат мегӯям. Ҳамин хел намоишгоҳҳоро ақаллан дар се-чор моҳ як маротиба ташил кунанд, нуран ало нӯр шуда, нархи бозор ҳам пасттар мешавад.

Саодат, сокини пойтахт:

Дар арафаи иди рамазон кори хайр карданд

-Холаҷон, шумо чиҳо харидед?

-Равғани маска, макарон, лапша, собунҳои хушбӯй, хокаи ҷомашӯӣ, равғани пахта ва камтар гӯшти мурғу ҳасиб харидам. Боз орд харидан мехоҳам.

-Нархҳо чӣ хел?

-Назар ба бозор арзонтар аст. Ҳар сол аз ҳамин виставка ман тухми арзон мехаридам, вале имрӯз ба назарам тухм нанамуд. Эҳтимол пагоҳ ё рӯзи дигар тухм ҳам шавад...

-Ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ чӣ таманно доред?

-Дар арафаи иди рамазон бисёр кори хайр карданд. Дасташон дардро набинанд. Ягона хоҳишам он аст, ки чунин намоишгоҳҳоро тез-тез ташкил кунанд, то ки мо, харидорон бо нархи арзон маҳсулоти зарурии худро пайдо карда тавонем...

Лозим ба ёдоварист, ки Агентии “Тайрон” ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чорабинии мазкурро дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноати кишвар доир намудаанд.

Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон 2021-“ро яке аз операторони пешсафи соҳаи алоқаи мобилии ҷумҳурӣ, ширкати “ТСЕЛЛ” сарпарастӣ менамояд.

Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар Кохи Борбад муддати се рӯз, аз 6 то 9 -май идома меёбад. Дари намоишгоҳ аз соати 9.00 то 18.00 боз аст ва шумо метавонед молу маҳсулоти заруририи худро аз ин намоишгоҳ бо нархҳои арзон дастрас намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД