arzon replenishment
Масъулини 3 ниҳод сабаби норасоии мавсимии неруи барқро шарҳ доданд
198

Масъулини 3 ниҳоди мутасаддии барқ сабаби норасоии мавсимии неруи барқро мисли ҳамеша ба паст шудани сатҳи об ва зиёд будани талабот ба неруи барқ нисбат доданд.

Имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар “Барқи тоҷик” иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК "Барқи тоҷик" ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 17 миллиарду 420,5 млн квт/соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 941,5 млн квт/соат зиёд аст.

Гуфта шуд, ки талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ 73,17 млн квт/соатро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба соли 2023 мутаносибан 1,1 млн квт/соат коҳиш ёфтааст.

- Содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар дар соли 2023 нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 203,9 млн квт кам гардидааст. Ба Афғонистон дар соли 2024 дар ҳаҷми 1 миллиарду 525,4 млн квт/соат ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 943,9 млн квт/соат барқ содирот карда шудааст,- зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД