Arzon march 2024
Мақсуд Додоҷонов: Сеҳргарӣ дар хуни ман аст
23.12.2024
ОИЛА.ТҶ
509

Сеҳргарӣ (фокус) дар кишвари мо рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Намояндагони ин соҳа кам бошанд ҳам, худро хеле хуб нишон медиҳанд ва алоқамандони зиёд доранд. Яке аз сеҳрагарони (фокусник)-и маъруфу сермухлис ва ҳирфаӣ Мақсуд Додоҷонов мебошад. Ӯ солҳои зиёд мешавад, ки дар ин соҳа фаъол аст ва ҳамеша барои табъи мардумро хуш кардан кор мекунад. Мо бо Мақсуд доир ба роҳи интихобкардааш, махсусияту талаботи олами сеҳргарӣ, душвориҳо ва умуман кори “фокусник” дар Тоҷикистон суҳбат кардем.

- Шумо ҷавони фаъол ва ҳаматарафаед. Сеҳргари касбӣ, варзишгар, ровии радио ва боз хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносӣ. Бигӯед, ки чӣ хел як ҷавон метавонад дар чанд соҳа фаъол бошад ва худро хуб нишон диҳад?

- Барои дар чанд соҳа худро нишон додан ва ба ҷое расидан, пеш аз ҳама хоҳиш лозим аст. Инчунин, дар баробари шавқу завқ кӯшишу заҳмат мебояд, зеро дар ҳеҷ коре ба осонӣ муваффақ наметавон шуд.

- “Фокус” дар ҳаёти шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Сеҳргарӣ дар хуни ман аст. Бобокалонам, бобоям, падарам ва инак, ман дар ин касб ҳастем. Ман ҳатто гуфта наметавонам, ки кай ин касб дар зеҳнам пайдо шудааст, зеро аз вақте худамро ёд дорам, ба ҳамин кор машғулам.

- Барои сеҳргар шудан чӣ лозим аст ва умуман шумо чӣ гуна ин соҳаро омӯхтед?

- Тавре дар боло қайд кардам, барои касберо аз худ кардан қабл аз ҳама хоҳишу кӯшиш бояд дошт. Илова бар ин, барои сеҳргар шудан бояд ин корро дӯст дошт ва аз ҳеҷ чиз натарсид. Файласуфе гуфтааст: "Агар кор кардан нахоҳӣ, кори ба дилат мувофиқро ёб ва дигар танҳо ба он коре машғул мешавӣ, ки дӯст медорӣ.

- Фокусник будан чӣ душвориҳо дорад?

- Фокусник будан, монанди ҳунарманди ҳирфаӣ будан аст, яъне дар як шабонарӯз 24 соат бояд дар фикри ин кор бошӣ. Ин кор истироҳат надорад, доим бояд худро рушд диҳӣ ва барои табъи мардумро хуш кардан кӯшиш намоӣ.

- Дар кишвари мо сеҳргарро чӣ гуна қабул мекунанд ва шумо дар куҷоҳо баромад мекунед?

- Дар Тоҷикистон ва берун аз он сеҳргариро бисёр хуб қабул мекунанд. Ман тӯли фаъолияти кориам ба давлатҳои Россия, Миср, Туркия, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Амрико ва ғайраҳо сафари ҳунарӣ доштам ва дар ҳама ҷо ҳунари маро хуб қабул кардаанд. Хуб аст, ки мардум хушҳол шудан мехоҳанд ва барои ин ҳунари маро тамошо мекунанд.

- Шумо дар театри "Чудес"-и Маскав фаъолият мекардед, ҳоло ҳам дар он ҷо кор мекунед ё пурра ба Тоҷикистон омадед?

- Ҳоло ҳам дар қатори ҳунарманди театри мазкур ҳастам ва соле аз 5 то 10 маротиба барои иштирок дар барномаҳои театрӣ, сафарҳои ҳунарӣ ба театр меравам. Тавре гуфтаанд, “ҳунарманд ҷойи зисти муайян надорад, балки доим дар сафар ва маконҳои гуногун аст”.

- Як фокусник дар Тоҷикистон чӣ гуна даромад дошта метавонад?

- Ман аз даромадам шикоят надорам. Масъалаи гонорар барои ҳар фокусник гуногун аст. Шахсан барои ман гонорар дар ҷойи аввал намеистад, балки хурсандиву хушҳолии тамошобин аз ҳама муҳим аст. Аз ҷониби дигар, бояд бигӯям, ки ҳар касе гонорарро дар ҷойи аввал мемонад, ҳунарманди касбӣ намешавад.

- Дар ин соҳа ягон шогирд доред?

- Дархостҳо хеле зиёданд, аммо то ҳол наметавонам шогирд бигирам, зеро ба ин кор ҳоло вақт надорам. Шояд ин кор дар оянда шавад.

- Дар ҷомеаи мо ҳастанд касоне, ки ба “фокус” бовар надоранд, бо чунин касон рӯ ба рӯ шудаед?

- Мумкин бошанд чунин касон, аммо ман то имрӯз рӯ ба рӯ нашудаам. Ҳар кас ҳақ дорад, ки ба коре бовар кунад ё накунад.

- Шумо инчунин варзишгар ҳам ҳастед, дар бораи дастовардҳоятон ба мо гуфта метавонед?

- Бале, дар наврасӣ ба гуштини тарзи озод ва муҳорибаҳои омехта машғул будам. Аъзои мунтахаби Россия оид ба гуштини тарзи озод маҳсуб меёфтам. Ҳамчунин, дар муҳорибаҳои омехта ҳам се муҳориба гузаронидаам, аммо бо кам шудани биноӣ аз варзиши касбӣ канор рафтам ва ҳамчун тренер ба шогирдон тамрин медодам.

- Ҳоло ба таври касбӣ ба варзиш машғул ҳастед?

- Дар ҳоли ҳозир танҳо барои саломатӣ ба варзиш машғул мешавам. Инчунин, барномаи варзишӣ бо номи “Ҳамроҳ бо фокусник” дорам, ки чеҳраҳои шинохтаро даъват карда, ҳамроҳашон ҳар гуна машқҳоро такрор мекунем.

- Дар радио низ фаъолед. Чӣ гуна ровӣ шудед ва ба радио роҳ ёфтед?

- Албатта, баъди мусоҳибаҳои зиёдам дар расонаҳо маро каму беш мардум шинохтанд. Дар ин ҳол, маро аз телевизиону радиоҳои гуногун даъват карданд барои ҳамкорӣ ва ман ба “Love Radio Тоҷикистон” ба кор даромадам.  

- Дар радио кадом барномаро пеш мебаред ва умуман муҳити радио барои шумо хуб аст?

- Барномаи субҳгоҳиро пеш мебурдам. Барномаи мазкур бо замона ва фаҳмиши ҷавонон хеле мувофиқ буд ва ҳам фароғатӣ, ҳам иттилоотӣ, ҳам маърифатӣ ва ҳам варзишӣ буд.

- Шумо хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносӣ дар Русия ҳастед. Оё маълумоти гирифтаатонро дар зиндагӣ истифода мебаред?

- Маълумоти ҳуқуқшиносӣ барои ҳама ва дар ҳама ҳолат муҳим аст. Дар ҳаёти ҳаррӯзаам донишҳои азхудкардаамро васеъ истифода мебарам.

- Оё нақшаи кор аз рӯи ихтисосатонро надоред?

- Маълумоти ҳуқуқиро махсусан барои худам гирифтам, то ки дар ин соҳа дониши кофӣ дошта бошам. Дар ҳоли ҳозир нияти кор аз рӯи ихтисосро надорам, зеро ҳоло “фокусник” ҳастам.

- Ҳамчун сеҳргар шумо ба наздикӣ дар кушодашавии мактабе дар Русия ширкат варзидед. Бигӯед, ки он ҷо чӣ гуна гузашт?

- Аввали моҳи ноябр дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия маросими кушодашавии “Мактаби байналмилалии фокусник” кушода шуд. Дастандаркорон маро ҳамчун меҳмони махсус дават карданд. Мақсади таъсис ёфтани мактаби мазкур ёрӣ ба “фокусник”-ҳо ва боз “фокусник”-ҳои навро тарбия кардан аст. Он ҷо ман бо барномаи нав баромад кардам ва мардум хеле хуб қабул карданд.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Нақшаҳоям зиёданд, аммо аз ҳама муҳим мехоҳам “фокусник”-ҳои Россия ва умуман дунёро ба Тоҷикистон даъват кунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД