Мардуми тоҷик мақоли пурҳикмате доранд: “Мастӣ ба пастӣ мебарад” Дар ҳақиқат мастию майзадагӣ инсонро натанҳо ба пастӣ мебарад, балки боиси сар задани ҳодисаву фоҷиаҳои тақдирсӯз низ гашта метавонад.
Рӯйдоди хунине, ки дар шаҳри Исфара рӯй додааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Тавре ки Вазрати умури дохилии кишвар хабар додааст, дар Вилояти Суғд нисбати як марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара қисми 3-и моддаи 110 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғз карда шудааст. Ба иттилоъи манбаъ, номбурда рӯзи 6-уми октябр, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар заминҳои хоҷагии деҳқонии “Заркӯҳ”-и шаҳри Исфара қарор доштанаш, бо як марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур вохурда, ҳарду якҷоя нӯшокии спиртӣ истеъмол намудаанд. Аз сабаби дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон байни онҳо муноқиша ба миён омада, дар рафти ин моҷаро муттаҳам бо корд чанд маротиба ба гардан ва аъзои бадани ҳамсоғараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр мастӣ якеро ба қабристону дигариро ба кунҷи зиндон бурд.