arzon replenishment
Маслиҳати муфид дар боби пешгирӣ ва табобати дарунрав
1054


Бемории аввалине, ки дар тобистон хуруҷ мекунад, ин инфексияи меъдаву рӯда ва шикамрав мебошад. Сабабаш дар он аст, ки кӯдакон дар айёми гармо рӯзи дароз дар ҳавои кушод давутоз намуда, бо дасти ношуста тез-тез ҳар чиз мехӯранд.

Меваю сабзавоти ношуста боиси ба меъдаи кӯдак афтидани инфексия ва ба шикамрав гирифтор шуданаш гашта метавонад. Баъзан меваҳо бар асари гармии аз ҳад зиёд вайрон мешаванд ва кӯдакон меваи тосидаро хӯрда ба шикамрав гирифтор мешаванд.
Чи бояд кард?

1. Барои пешгирии беморӣ шумо бояд фарзандони худро ҳамеша дар зери назорат бигиред ва таъкид кунед, ки дастонашонро тез-тез бо собун бишӯянд.
2. Меваю сабзавотро нағз шуста, баъд ба бачаҳо диҳед.
3. Барои он ки фарзандони шумо ба заҳролудшавии ғизоӣ гирифтор нашаванд, дар фасли тобистон тамоми маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавотро дар яхдон нигоҳ доред.
4. Дар сурати ба дарунрав гирифтор шудан кӯдак бояд реҷаи бистариро риоя намояд.
5. Дарунрав бемории сироятӣ буда аз шахси бемор ва одамони солими дар атрофаш буда мегузарад. Барои он ки дигар кӯдакон сироят наёбанд, ҷойи хоб ва косаю табақи кӯдаки беморро аз кӯдакони солим ҷудо кунед.
6. Ба кӯдаки бемор тез-тез оби ҷӯшомадагӣ нӯшонед ва маҳлули Регидрон диҳед.
7. Аз рӯзи аввали беморӣ ба кӯдак доруҳои зидди ислоҳ диҳед.
8. Агар кӯдак таб кунад, ҳатман ба баданаш оби ҷӯшомадаи ширгарм молед ва ягон доруи пасткунандаи ҳарорати бадан диҳед.
9. Назорат кунед, ки ахлоти кӯдак парда ва хун дорад ё не? Мавҷудияти парда ва хун нишонаи дизентерия буда, дар ин ҳолат кӯдакро ҳатман дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст.
10. Табби кӯдак дар бадали 2-3 рӯз нафарояд ва рафтани шикамаш баъди қабули доруҳо низ кам нашавад, ҳатман ӯро назди духтур баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД