goodwell
Маскав ва Киев дар бораи табодули асирони ҳарбӣ тавофуқ карданд
12.11.2026
Оила
65

 

Дирӯз, 11-уми ноябр дар  шаҳри Абу-Забии Аморати Муттаҳидаи Араб музокироти сеҷонибаи ҳайати намояндагони Русия, Украина ва Амрико барои ёфтани роҳи ҳалли ҷанги дар Украина сурат гирифт. Музокирот паси дарҳои пӯшида сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла кафолатҳои мутақобила ва баҳси марзиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки муҳимтарин дастоварди музокирот тавофуқ дар бораи табодули асирони ҳарбӣ миёни Москва ва Киев мебошад.

 Ҳайати Русияро дар ин музокирот ёвари Владимир Путин Владимир Мединский, Украинаро роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии ин кишвар Рустам Умаров ва Амрикоро Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер намояндагӣ кардаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД