Arzon march 2024
МАСКАВ: ЧАРО МУҲОҶИРЗАНИ ТОҶИК АЗ ФАРЗАНДАШ РӮ ГАРДОНД?
4323

Модар фариштаи меҳрубонест, ки худованд рисолати муқаддаси идома додани насли башар, парвардани фарзандони оқилу фарзона ва хушахлоқу покдилу покназарро бар дӯшаш вогузор намудааст.

Маънии зиндагии зан-модар фарзанд аст ва ба хотири ҷигарбандони худ бонувон ба ҳама гуна ҷонфидоӣ қодиранд, аммо хонумҳои сангдил ва бераҳме низ ҳастанд, ки аз баҳри пораи ҷисму ҷони худ гузашта, аз тифли маъсуми хеш рӯй мегардонанд ва бо ин рафторашон ба номи поки модар иснод меоранд.

KP.ru. аз сар задани як ҳодисаи ногувори даст кашидани зани тоҷик аз фарзандаш дар шаҳри Маскав хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи гузашта фарроши хонаи кӯдакони “Павлин” дар айвон халтаи шубҳанокеро меёбад, ки дар дохилаш тифлаки тахминан семоҳаи дар кӯрпача печонидашуда буд. Мудири хонаи бачаҳо дарҳол ба пулис занг зада, онҳоро аз ин моҷаро огоҳ месозад.

Вақте ки кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳамзамон дар дами дар модари кӯдак, ки Фирӯзамоҳ ном доштааст, пайдо шуд. Маълум шудааст, ки зан тоҷик буда, 22 сол дорад ва бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав сафар намудааст.

Як рӯз қабл Фирӯзахон ба “Павлин” омада писарчаи семоҳаашро ба ҳамин ятимхона супурдан хостааст, вале кормандони хонаи бачаҳо бо далели он ки онҳо танҳо кӯдакони аз сесола болоро қабул мекунанд, хоҳиши занро рад кардаанд. Ба қавли худи Фирӯзахон, илоҷи дигар наёфта, вай маҷбур шудааст, ки кӯдакро пинҳонӣ ба ятимхона оварда, дар долон монда равад.
Зан ба хотири ишқ аз фарзандаш даст кашидан мехост, зеро дӯстписари наваш кӯдакро қабул накардааст.

Айни ҳол писарча дар беморхона таҳти назари табибон қарор дорад. Кӯдак солим бошад, модарашро барои дар ҳолати хатарнок гузоштани тифл ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда метавонанд, агар муайян шавад, ки кӯдак бемор ва нисбташ муносибати бераҳмона кардаанд, ба Фирӯзахон ҷазои сангинтари то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД