1xbet
Машаро дида, Мадинаро фаромӯш накунед!
05.07.2025
САИДБЕК
114

Салом! Ман як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Барнаули Россия. Мехоҳам фикру андешаҳоямро ба бародарони муҳоҷир бирасонам.

Саидбек ном дорам ва аз Вахш ҳастам. Муддати чор сол мешавад, ки дар Русия кор мекунам. Қариб ҳар рӯз ба хона занг зада, аз ҳолу аҳволи зану фарзандонам бохабар мешавам, барояшон пул ва дигар чизҳои заруриро мефиристам. Ба муаллимони бачаҳоям занг зада, дар бораи ахлоқу одоб ва саводомӯзии фарзандонам мепурсам, агар ягон камбудиашонро шунавам, ҳамроҳашон суҳбат карда, падарона онҳоро насиҳат мекунам. Гумон накунед, ки ин гапҳоро барои худро таърифу тавсиф кардан навишта истодаам, ҳаргиз чунин нест. Маро тақдири зану фарзандони муҳоҷироне ба ташвиш овардааст, ки дар Русия зани рус, тотор ё миллати дигар гирифта, оилаю кӯдакони худро фаромӯш мекунанд. Баъзе мардҳои муҳоҷир чунон ба ишқи занҳои бегона дода мешаванд, ки аз кӯчаи одаму одамгарӣ баромада, дигар ёде аз падару модари пир ва аҳли хонаводаашон намекунанд. Бечора зану кӯдакони онҳо ба қавле рӯ ба раҳми худо мемонанд, на дастгире ҳест ва на ягон такягоҳе.

Албатта хабари зангирии шавҳари муҳоҷираш ба гӯши зани тоҷик низ мерасад ва дарун ба дарун мисли ҳазуми тар сӯхта, қаҳру алами худро гоҳе аз кӯдаконаш гирифта, онҳоро сарзаниш мекунад, дуои бад мекунад ва ҳатто мезанад. Ҳамин тавр кӯдаконе, ки падару модар доранд, мисли ятимон на меҳру муҳаббати падарро мебинанд ва на меҳрубонии модарро. Табиист, ки кӯдакони бегуноҳ дар чунин ҳолат зарбаи сахти рӯҳию равонӣ гирифта, аз беназоратӣ, аз бепарвоӣ ва аз бемеҳрии волидон, махсусан падар кӯчагарду овора мешаванд.

Ман шахсан борҳо бо муҳоҷироне вохӯрдаам, ки ба қавли маъруф Машаро дида, Мадина, яъне зани тоҷики худро фаромӯш мекунанд ва пули дар мулки ғурбат бо арақи ҷабин ёфтаашонро сарфи айшу нӯш бо занҳои бегона намуда, ба хонаашон як сум пул равон намекунанд. Аксаран вақте пулашон тамом шуд, зани рус ё тоторашон марди дигари серпултар меёбад ва он гоҳ марди пушаймон аз кардаи худ бо сари хам ба Ватан ба назди зану фарзандонаш бармегарданд. Занҳои тоҷик зотан хеле пурсабр ҳастанд ва дили бузурге доранду шавҳари бевафояшонро ба хотири вайрон нашудани оила ва бе падар нагаштани фарзандонашон қабул мекунанд, вале оё мард аз ноҳақиҳое, ки дар ҳаққи азизони дилаш кардааст, шарм намедошта бошад?

Дар охир ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаниямм, ки бародарони азиз, ҳаргиз зани бегона ҷойи зани тоҷикро намегирад. Ба меҳрубониҳои дурӯғини занҳои аҷнабӣ дода шуда, оила, зану фарзандони худро наранҷонед. Пулеро, ки ба сад заҳмату меҳнат дар мулки ғарибӣ  меёбед, сарфи айшу нӯш бо занҳои бегона накарда, дар беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оилаи худ ва таълиму тарбияи фарзандонатон сарф намоед. Сад дар сад боварӣ дорам, ки самарашро албатта мебинед. Дар дами пирӣ, вақте ки дигар қуввату нерӯӣ кор кардан дар тану ҷони шумо боқӣ намемонад, на занҳои бегона, балки маҳз зану фарзандони худатон такягоҳ ва пуштибони шумо гашта, дастатонро мегиранд, бароятон шароитҳои хубро муҳайё мекунанд, то ки бароҳат зиндагӣ кунед.

САИДБЕК

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД