Дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Оиладории миллӣ ва роҳҳои таҳкими он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои миллии оиладорӣ дар раванди омехташавии фарҳангҳо ва густариш пайдо кардани фарҳанги бегона, ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ин замина омода намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ мебошад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ниҳодҳои дахлдорӣ давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрамеро, ки имрӯз дар байни оилаҳои ҷавон чун доғи ҷомеа гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон вобаста ба роҳҳои ҳалли мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба насли ҷавони мамлакат тавсияву роҳнамоӣ пешниҳод карда шуд.