arzon replenishment
МАРЗИЯ ДЕВОНА
6905

 

Марзия базӯр тамоми қувваашро ҷамъ карда чашмонашро кушод. Аммо бӯйи заҳу нофораме ба димоғаш расида дилаш беҳузур шуд.

-Ман дар куҷоям? Чаро дасту пойҳоям карахт шудаанд? Фу, ин рӯйи ғализ аз куҷост? Худоё , ба ман чӣ шуд? Марзия базӯр сарашро бардошта ба атроф нигаристу аз тарс «Воҳ» гуфта фарёд зад ва сарашро аз нав рӯи кат партофта чашмонашро пӯшид. Дилаш аз тарс беизтиробу тез-тез зада аз қафаси синааш берун шудан мехост. Ин одамони хобида мурдаҳоянд ё зинда бошанд? Ин ҷо куҷост?-меандешид дар дил. Ҳамин вақт аз болояш касе ҷаҳиду Марзия як қад парид. Тарсидаву ларзида чашмонашро нимбозкарда ба атроф нигарист: ду кӯдаки зардина, ки рус буданашон аён буд, сур-суракон бозӣ мекарданд. Марзия синчакорона ба атрофаш нигариста дарк кард, ки дар морг (майитгоҳ) аст.

Тарсу воҳимааш афзуд. Гумон кард, ки он ду кӯдак рӯҳи мурдаҳоянд. Аз ҳарос чашмонашро пӯшид. Аммо баногоҳ овозе ба гӯшаш расид. Аз шунидани овози садои одамӣ хурсанд шуд.

-Агар аз дидани мурдаҳо натарсида марҳамат!-шунида шуд овози мардонае.

-Ана ба ин расм нигаред, апаам рӯзи ҷумъа аз хона баромада то нимрӯз бедарак аст. Ҳама ҷоро кофтам наёфтамаш,-баланд шуд садои занонае дар ҷавоб. Овози гиряолуди хоҳарашро Марзия зуд шинохту аз хурсандӣ аз ҷояш хестан хост, вале худ аз раъяш гашт. Агар аз ҷоям парида хезам, хоҳарам аз тарс дилкаф шуда ба ягон бало гирифтор мешавад,-андешид Марзия дар дил ва лаб зери дандон гирифта чашмонашро накушод.

Ака, ин кӯдакони рус кистанд?- шунида мешуд садои хоҳараш.

-Ин ҷо зани руси бесоҳибу беморгро мешӯяд. Ин бачаҳо кӯдакони ҳамон зани фаррошанд.

Худоҷон, тавба кардам! Ин хел ҳам мешудааст-да,-ҳайратзада хитоб кард хоҳараш.

-Ҳа, хоҳар одамзод ба ҳама мушкилоту сахтӣ тоб меовардааст-посух дод мард, ки зоҳиран корманди морг буд.

-Нигоҳбони МОРГ шараққосзанон яхдонҳои калонро кушод. Ҷасадҳо рӯ ба рӯ мехобиданд. Сабрия бо рӯймолча даҳону биниашро дошта ҷасадҳоро бодиққат аз назар гузаронидан гирифт.

-Барои чӣ мурдаҳоро рӯ ба рӯи ҷой кардед? – пурсид Сабрин.

-Барои он, ки 5 то яхдони дигарамон кор намекунад.,-посух дод мард.

Сабрия ба Марзия наздик шудан мегирифт. Дигар сабру тоқати Марзия намонду овоз баровард:

-Натарсед, ман зиндаам. Сабрия аввал тарсида бошад ҳам, зуд худро ба даст гирифт. Апаашро зинда дида, аз шавқу шодӣ оби дидагонаш ҷорӣ шуд.

Марзия хоҳарашро ба оғӯш гирифта ба фаҳмондан даромад:

-«Ман як соат пештар ба худ омада дарк кардам, ки дар МОРГ ҳастам, вале ҳанӯз зиндаам. Худро ба даст гир. Сабрия, ки ботинан ҷасуру нотарс буд, зуд ба худ омад. То ба хона расидан ҳарду аз ҳаяҷон сухан гуфта натавонистанд. Аҳли оила Марзияро сиҳату саломат дарёфта аз шодӣ ҷойи нишаст намеёфтанд. Марзия пас аз ду рӯз асли ҳодисаро нақл кард.

Марзия зару зеварро хеле дӯст медошт. Он рӯз ҳам ба дастону гардану гӯшҳояш ангуштарину гарданбанду гӯшвораҳои тиллоӣ андохта ба хонаи дугонааш, ба ҷашни зодрӯз рафт. Вақте аз хонаи дугонааш баромад, ки аллакай торикӣ доман паҳн мекард. Марзия оҳиста-оҳиста қад-қади роҳ қадам зада меомад. Ба мошинҳои гузаштаистода бо умед менигарист, ки шояд ягон мошини шинос пайдо мешаваду ӯро то хонаашон мебарад. Вале мошинҳои сабукрав аҳён-аҳён намоён шуда зуд гузашта мерафтанд. Назди пули комбинати равғани пойтахт расиду чанд тан ҷавони авбошнаморо дида дилашро сиёҳӣ пахш намуд. Ҷавонони бо тану тӯши ширакайф баҳскунон меомаданд. Ӯ ба он тарафи гузаштан хост. Аммо ҷавонон тез-тез қадам монда ба Марзия расиданд. Духтари хушрӯ, як дам ист! Намехуремат, -нидо кард яке аз ҷавонон.

Марзия ба ҷавонон аҳамият надода ба роҳаш рафтанӣ шуд. Вале онҳо пеши роҳашро гирифтанду аз гарданбанди тиллоиаш доштанд. Марзи аз тарси ҷон доду фарёд набардошта худаш чалаву гӯшвораҳои тиллоиашро кашида ба дасти авбошон доду ба роҳаш рафтанӣ шуд. Аммо яке аз онҳо Марзияро нигоҳ дошта ба ҳамкоронаш гуфт:

-Чӣ ӯро ҷавоб доданӣ ҳастед. Мехоҳед, ки ҳозир ба идораи милиса рафта аз рӯи мо шикоят кунад?

-Шикоят намекунам акаҷон. Илтимос монед ба роҳам равам,-зорӣ кард Марзия. –Не, ба ҳеҷ ҷо намеравӣ. Имшаб моро хурсанд мекунӣ!-гӯён авбошон аз банди дастонаш доштанд.

-Намеравам» -Марзия муқобилият нишон дода аз чанголи онҳо фирор карданӣ шуд, вале дасти пурқуввате ба баногӯшаш бо мушт фаровард. Марзия аз зарбаи ногаҳонӣ ба замин афтоду аз ҳуш рафт.

Ҳамин қадар дар ёдаш ҳаст, ки ӯро кашон – кашон бурданд. Авбошон чун диданд, ки духтар ниммурдаву нимзинда асту ҷинояти содир кардаашонро пинҳон карданӣ шуда Марзияро ба чоҳи заҳрноке бурда партофтанд. Гумон доштанд, ки аз ин ҷойҳо касе гузар намекунаду духтар мурда меравад ва ҷинояти содирнамудаашон фош намешавад. –Дигараш ҳеҷ дар хотирам намондааст. Намедонам, ки чи хел маро ба морг бурдаанд,-ашкрезон нақлашро ба охир расонид Марзия.

Баъди ин воқеа Марзия хаёливу савдоӣ гаштааст. Шабҳо аз бистараш дод зада мехезад. Гумонаш ки як гурӯҳ мурдаҳо ӯро таъқиб мекунанд…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД