Марям Турсунова 75-сола шуд!
14.01.2026
Фирӯза
49

Марям Турсунова 75-сола шуд!

Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи театри тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Турсунова ҷашни зодрӯз дорад. Ин зани сар то по ҳунар барои рушду нумуъи санъати театрии тоҷик хизматҳои зиёде карда, бо нақшҳои ҷолиби офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.

Марям Турсунова 14-уми январи соли 1951 дар ноҳияи Шаҳринав чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳанӯз айёми наврасӣ модари мушфиқу меҳрубонашро аз даст додааст. Ранҷу азоби бемодарӣ мисли захми носур тамоми вуҷуди Марямро дарун ба дарун месӯхт, вале ин дарди ҷонгудоз иродаи қавии духтари ҳунардӯстро шикаста натавонист ва билохира меҳру муҳаббати зиёдаш ба ҳунари актёрӣ ӯро ба ҷодаи санъат овард.

Пас аз хатми шуъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Марям Турсунова ба Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ба кор омада, тамоми ҳастии худро ба ин театр бахшид ва садҳо нақши ҷолиб офарид.

Синну солаш ба 75 расида бошад ҳам, то ба имрӯз Марям Турсунова машғули эҷод буда, дар саҳна нақш мебозад, зеро ҳаёти худро бидуни театр тасаввур карда наметавонад.

Актрисса ҳатто хонаи шахсии худро надорад, вале театрро манзили хеш медонад ва ба худ қавл додааст, ки то нафаси охирин ба касбаш содиқ мемонад.

Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Турсуноваро бо ҷашни 75-солагиаш сидқан муборакбод гуфта, ба ин ҳунарманди асил тани сиҳату умри дароз ва амалӣ гаштани тамоми орзуҳояшро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД