Дардо, ки дар ин замонаи ғампарвард,
Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард,
Ҳар рӯз фироқи дӯсте бояд дид,
Ҳар лаҳза видоъи ҳама мебояд кард.
Марги беамон боз як ситораи дурахшонро аз осмони ҳунар барканда, қалби поку пурэҳсоси ҳунарманди маҳбуб, ситораи дурахшони санъати театр ва кинои тоҷик Асланшоҳ Раҳматуллоев аз тапидан бозмонд.
Хабари марги ин ҳунармарди асил мисли раъду барқ дар як лаҳза дар саросари кишвар паҳн гашта, қалби садҳо нафар дӯстон, рафиқон ва мухлисону дилбохтагони ҳунари Асланшоҳ Раҳматуллоевро пора-пора кард, зеро ин ҳунарманди нотакрор умри бобаракаташро сарфи рушду нумӯи санъати тоҷик намуда, бо нақшҳои хотирмони офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта буд.
Маросими видоъ бо Асланшоҳ Раҳматуллоев имрӯз дар манзилаш, ки дар наздикии кинотеатри “Ватан” воқеъ гаштааст, баргузор гашта, ҳамкасбону пайвандон, дӯстону рафиқони марҳум ва садҳо нафар дилбохтагони ҳунари асил бо дидагони ашкбор ба маросим омаданд, то бо ҳунарманди писандидаи худ видоъ намоянд.
Чеҳраҳои шинохта дар боби фазилатҳои фитриву инсонии марҳум сухан намуда, аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳамчун як инсони фариштахислат, беозор, шӯху самимӣ ва дӯсти беҳтарин ёд карданд.
Баъди маросими видоъ соати 10:00 ҷасади ҳунарманди писандидаро барои ҷаноза ба Масҷиди ҷомеъи ба номи Имоми Аъзам бурданд.
Пас аз маросими ҷаноза пайвандон, дӯстон, ҳамкасбон ва мухлисони марҳум бо қалби ҳазин ҷониби оромгоҳи Лучоб роҳ пеш гирифта, ҷасади Асланшоҳ Раҳматуллоевро дар канори дигар бузургони адабиёт ва санъати тоҷик дар ин оромгоҳ ба хок супурданд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев аз ин дунёи фонӣ рафт, вале ёди ин марди ҳунар бо нақшҳои ҷаззоби офаридааш як умр дар дилу дидаи мардум зинда хоҳад монд. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳаргиз намирад он кӣ дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.