Arzon march 2024
Марҷона Ҳасанова: Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад, вале...
04.08.2024
ОИЛА.ТҶ
955

Марҷона Ҳасанова яке аз ҳунармандони ҷавонест, ки дар соҳаи интихобнамудаи худ ҳамто надорад. Ӯ виолончел менавозад. Ин асбоб ғайриоддӣ аст ва на ҳар кас онро навохта метавонад, вале Марҷона дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста ва таҷрибаи бисёрсола ба пояи устодӣ расидааст. Ӯ феълан навозандаи мумтози ин асбоби мусиқӣ ба шумор меравад.

Қаҳрамони мо мегӯяд аз ҳаштсолагӣ ба омӯзиш ва истифодаи виолончел пардохтааст. Ӯ навохтани ин асбоби ғайриоддиву ҳаҷман бузургро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанбе омӯхтааст. Марҷона дар мактаби мусиқӣ ғайр аз виолончел боз дарси фортепианоро низ гузаштааст. Аз ин ҷост, ки ин асбоби мусиқиро низ навохта метавонад.

«Интихоби ман виолончел набуд. Аз рӯи имтиҳони қабуле, ки барои дохилшавӣ дар мактаби мусиқӣ мегирифтанд, комиссияи қабул маро ба гуруҳи виолончел роҳхат дод. Ҳангоми хатм аллакай самти худро муайян кардам. Қарор додам, ки навозандаи ин асбоб мешавам. Ҳоло бошад, аз интихоби худ розӣ ҳастам»,- гуфт қаҳрамони мо доир ба пешаи интихобкардаи худ.

Марҷона Ҳасанова баъди хатми мактаби мусиқӣ Консерваторияи Урал ба номи М. П. Мусоргскийро хатм кардааст. Соли 2014 ба Тоҷикистон баргашта, то имрӯз ба ҳайси навозандаи виолончел кору фаъолият мекунад.

Марҷона оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки барои муваффақ шуданаш дар соҳаи навозандагӣ нақши волидайн ва ҳамсараш хело бузург аст:

“Оилаи ман ҳамеша маро дастгирӣ мекунад ва ин барои ҳунарманд муҳим аст. Ҳоло, ки модар ҳастам, хуб дарк менамоям, ки барои пешравии инсон дастгирии атрофиёнаш ниҳоят зарур аст. Зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад ва албатта ман бо ёрии онҳо аз пастиҳои ҳаёт бе мушкилӣ ба баландиҳо мебароям”.

Ӯ бо дилпурӣ мегӯяд, ки дар дилхоҳ самти мусиқӣ фаъолият карда метавонад, зеро ба санъат меҳру шавқи зиёди омӯхтан дорад.

«Ҳар як навозанда бояд бисёр омӯзад, аз болои ҳунари худ кор кунад ва онро сайқал диҳад. Навозанда бояд ҳамеша аз пайи эҷоду навоварӣ бошад ва ба пеш ҳаракат кунад. Ман низ мекӯшам то ҳунари худро рушд бидиҳам ва дар ин ҷода баҳри рушди шогирдонам низ талош намоям »,- мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо дар чандин саҳнаҳои ҳунарии дохилу хориҷ, консерту фестивал ва чорабиниҳои фарҳангии ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Ё ба қавле бо ҳунари худ Тоҷикистонро дар дохилу хориҷ муаррифӣ кардааст.

Ҳоло Марҷона Ҳасанова устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар гуруҳи виолончел аст. Ҳамзамон, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун навозандаи виолончел фаъолият дорад. Қаҳрамони мо бар он назар аст, ки агар ирода қавӣ бошад, инсон метавонад ба нуқтаи охирони орзуҳои худ бирасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД