Маро, ки ба дунё овардед, то мурданам мехӯронед ва мепӯшонед
Саргузашти як ҷавони 21 сола, ки ба ҳеҷ ваҷҳ кор кардан ва мустақилона зиндагиашро пеш бурдан намехоҳад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Тавре ки “Жесть Омска” навиштааст, ин ҷавон иддао дорад, ки бо хоҳиши худаш ба дунё омадааст ва вазифадор нест, ки барои зинда мондан ва пеш бурдани зиндагӣ заҳмат кашад, меҳнат кунад ва бо ягон кор машғул шавад.
Ин ҷавони 21 сола мегӯяд, азбаски падару модараш ӯро бо ирода ва майлу хоҳиши худ ба дунё овардаанд, бояд то охири умраш хӯрондану пӯшонданашро бар дӯш бигиранд.
Вай кӯшишҳои волидонашро ҳри ба кор ҷалб намудани фарзандашон ҳамчун поймол намудани ҳуқуқҳои худ мешуморад.
Шумо дар ин бора чи андеша доред? Оё падару модар вазифадоранд, ки таъминоти фарзандони худро то охири умр бар дӯш бигиранд? Назаратонро дар шаҳри мавод нависед.