Ман Аттор, аз шаҳри Ҳисор ҳастам. Ҳар ҳафта ҳафтаномаи “Оила”-ро харидорӣ намуда, ҳамаи қиссаҳояшро мехонам. Баъзе қиссаҳои давомдор, ки силсилафилмро мемонанд, маро маҷбур месозанд, ки ҳатман газетаи навбатиро харидорӣ кунам. Хулоса, мухлиси ашаддии ҳафтанома ҳастаму ба маслиҳати хонандагонаш сахт ниёз дорам.
Солҳои пеш дар мактаб хуб таҳсил мекардам. Ҳоло ҳам фаҳмишам хуб аст. Аммо дар байн, аниқтараш ҳангоми дар синфи 11 хонданам додари хурдиам аз дунё гузашт. Марги додарам баробари як ҳодисаи даҳшатангез дунёи маро комилан дигар кард. Ману додарам мисли дугоник будем. Ӯ аз дунё рафту ман ақлу ҳушамро аз даст додам. Сараввал шабу рӯз ба гӯш кардани рэп машғул шудам, баъдан худам ба сароидани он шурӯъ кардам.
Азбаски баъди ҷанозаи додарам каме тарсида будам, ба назди муллоҳо бисёр мерафтем. Баъзеҳо мегуфтанд, ки 6 рӯз мӯҳлат дорӣ, баъзеҳо мегуфтанд, 200 ҷин дорӣ. Хулоса, коре карданд, ки бемории ман авҷ гирад. Бо вуҷуди даводав ва табобатҳои зиёд тарс аз дилам дур намешуд. Аз ин рӯ, роҳ пеш гирифтам ба сӯи муҳоҷират.
Муддати як сол дур аз Ватан кору зиндагӣ кардам. Илоҷи ҳар дард, меҳнат ва фикри кам кардан будааст. Дар Русия аҳволам дигар шуд. Ман акнун аз Аттори пештара ба куллӣ фарқ мекунам. Ҳоло ба Ватан баргаштааму хеле худро хуб ҳис мекунам. Аммо дар деҳа то ҳол миш-мишҳоро мешунавам, ки гӯё маро ҷин зада бошад. Метарсам, ки ин овозаҳо ҳангоми зангириям ба ман халал нарасонад. Ба писари девона кӣ духтар медиҳад?
Аттор, аз ш. Ҳисор