Formula novemver 2024
Ба туҳмат гирифтор шудам
1902

Салом! Ман Саидаам аз шаҳри Ваҳдат. Оиладор мебошам. Ба наздикӣ пайвандонам маро ба шавҳар доданд.

Пеш аз тӯй, вақти бори аввал ба хостгорӣ омаданашон тарафи домод гуфта буданд, ки таваллуди домодшаванда 1998 ва хизмат кардагӣ асту баъди тӯй арӯсро ҳамроҳаш ба Россия мебарад, вале мо розӣ нашудем.

Акаам ҳамон вақт дар Россия буд. Рақамҳояшро ёфта, чанд маротиба занг заданд ва билохира дилашро ёфта, ӯро розӣ кунонданд. Ҳамин тавр, тӯй барпо шуд ва маро ба хонаи бахтам гусел намуданд. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки дар асл домод хизмат накарда будааст.

Вай ҳамагӣ 18 рӯз бо ман истода, ба Россия рафт. Модарам, ки бемории дил доранд, аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо хариданд ва тамоми ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, маро назди шавҳарам фиристоданд. Пас аз ба Русия рафтанам фаҳмидам, ки аллакай ҳомиладор ҳастам. Чанд рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргаштам. Пеш аз омаданам дар Россия УЗИ карда будам.

Гуфтанд, ки тифли батнам чорҳафтаина шудааст, вале акнун хешу табори шавҳарам маро туҳмат карда, гуфта истодаанд, ки гӯё кӯдак аллакай семоҳа шудааст. Ба омаданам нав 4 рӯз шудааст, чӣ хел дар бадали 4 рӯз тифли батнам, ки 4 ҳафтаина буд, якбора семоҳа мешудааст?

Хусурам баъзан менӯшад ва як рӯз маст омада, гуфт, ки баромада кор кун, чунки ман туро барои коркунӣ фиристодам. Вақте ин гапашро ба шавҳарам гуфтам, гуфт падари ман маст буд. Онҳо бо нангу носмуси ман бозӣ доранд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД