Саид ном ҷавони шаҳриро дӯст медоштам, вай ҳам маро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Мо дар як донишгоҳ мехондем ва аз нигоҳи аввал ба ҳамдигар дил бохтем.
Саид чанд маротиба пешниҳоди хонадоршавӣ намуд, вале ман розӣ нашудам, чунки аз худам калон апаи бе шавҳар доштам ва хуб медонистам, ки волидонам ҳеҷ гоҳ духтари калониашонро монда, хурдиро хонадор намекунанд. Хотири ишқу муҳаббати покамон Саид ба имрӯзу фардо ва имсолу соли дигар гуфтанҳои ман тоқат карда, сабурона интизорӣ мекашид. Соли сеюми донишҷӯйӣ яке аз устодонамон бо Саид душман шуда монд, вай бо ҳар баҳона дар сари роҳи ин ҷавони бегуноҳ монеа эҷод мекард.
Беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки «арбоб, мезанад ба ҳар боб», душманию бадбиниҳои ин муаллим оқибат боиси он гашт, ки Саиди маро дар курси сеюм аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Барқасди нотавонбинон Саид ба Русия мардикорӣ рафт. Пеш аз сафар орзуҳои ширин намуда, мегуфт, ки пули калон кор карда меояду бар рағми дӯсту душман тӯйи осмонкаф меорояд ва ҳамон устоди бадгирро ҳам даъват мекунад, то донад, ки Саид мард аст, ӯро шикананд ҳам, боз мардона ба по мехезад. Намедонам аз чӣ бошад, ки аз рӯзи аввали азми мардикорӣ намудани ёрам дилам худ ба худ сиёҳ шуда, аз пешомади ногуворе дарак медод. Чанд бор зорӣ карда гуфтам, ки нарав, ба ман тӯйи осмонкаф не, худи ту даркор ҳастӣ, гапамро гӯш накарда рафт. Саидҷон ба Русия рафту дили беқарори ман беқарортар гашт. Шабҳо хобҳои даҳшатнок дида, додгӯён бедор мешудам. Шабе хоб дидам, ки дар тан либоси арӯсӣ дораму маро бе карнаю сурнай ва бе домод ба хонаи шавҳарам бурда истодаанд. Ашки чашмам ба бари рухсораҳоям мешорид ва ба ҳар каси рӯ ба рӯям омада, дарди дил карда мегуфтам: «Ман арӯси сиёҳбахтам, домод дар рӯзи тӯямон якбора гум шуд…» Саҳар таъбири ин хоби даҳшатангезро аз модарам пурсидам, маро тасаллӣ дода гуфт, ки хоби зан чап аст, Худо хоҳад хушбахт мешавӣ, вале…
Намехоҳам давоми ин қиссаи дарднокро нақл кунам. Худоё, кошкӣ ҳамон шаб дар хоб мемурдаму ба гирдоби ғаму алами ҷонсӯз гирифтор намегаштам….
Хулоса, шавҳар кардани апаамро фаҳмида, Саид волидонашро маҷбур кардааст, ки ба хонаи мо хостгорӣ биёянд. Азбаски онҳо оилаи намунавӣ буданд, падару модарам нею нестон накарда, моро фотиҳа намуданд. Волидони Саид гуфтанд, ки писарашон панҷ моҳ пас аз Русия меояду тӯйро ҳамон вақт мегузаронем ва бо табъи болида баромада рафтанд. Дар ин миён модарам кӯрпаю болишт ва дигар чизҳои арӯсии маро тайёр карда, ба як чевари номдори гулдаст чодари зардӯзӣ фармоиш дод. Падарам бо ҳавас барои ман гарнитури зебои хориҷӣ харид. Бародаронам тӯёна гуфта ба ман яхдону мошинаи ҷомашӯйӣ, телевизору ДВД ва қолинҳои зебо харида доданд. Апаам тамоми куртаҳои арӯсиамро дӯхт.
Хулоса, ҳама чиз тайёр ва ба тӯй ҳамагӣ се рӯзи дигар монда буд, ки аз Русия хабари шуми кушта шудани Саидҷон расид. Овозаҳо гуногун буданд, яке мегуфт, ки дар бозгашт, дар роҳ ғоратгарон ба ӯ ҳуҷум кардаанд, дигарӣ мегуфт, ки ба дасти скинхедҳо афтидааст, саввумӣ мегуфт, ки ба вай ҳамла кардаанду Саидҷон аз тарс худашро ба ҷарие ҳаво дода мурдааст…
Волидони ман ва падару модари Саид ба овозаҳо бовар накарда, тайёриашонро ба тӯй идома медоданд. Мо, ҳама умед доштем, ки ин сару садоҳо дурӯғанд, вале шаби чойгаштаки мани бадбахт ҷасади дар хоку хун оғуштаи Саидҷонро оварданду тӯй ба мотам табдил ёфт. Шунидани ин шумхабар маро девона кард. Рӯю мӯямро кандам, ман бе Саидҷон зиндагӣ кардан намехоҳам гӯён, либосҳои арӯсиамро дар танам пора-пора кардам. Фиғони ҷонкоҳи мани арӯси сиёҳбахт деҳаро ба ларза овард, вале дили фалаки каҷрафтор ба ҳолам насӯхт. Ҳарчанд худро задам, кӯфтам, нола кардам, “маро ҳамроҳи Саидҷон ба хок супоред” гуфтам, ба доду фиғонам аҳамият надода, тобути домоди ормониамро сари китф бардоштанд ва роҳ ҷониби водие пеш гирифтанд, ки танҳо роҳи рафтан дораду омадан не.
Зиндагӣ аз он рӯзи шуме, ки Саидҷонамро ба хок супурдаанд, дар назарам зиндони тангу тори дилгиреро мемонад. Мехоҳам ҳарчи зудтар аз ин зиндон раҳоӣ ёфта, бо азизи дилам пайвандам, аммо…
Илоҳӣ, хонаи ғоратгарони қотил сӯзад, ҷони ёрамро дар айни ҷавонӣ рабуда, мани ташнаи бахтро бадбахту навмед намуданд!
Дилафрӯз, аз н. Турсунзода.