Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии "Маориф-2024" дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Шӯрои Британия Андриан Чедвик вохӯрӣ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар вохӯрӣ масъалаҳои таълим ва омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисӣ ва дар оянда ба нақша гирифтани кушодани маркази супоридани имтиҳонҳои IELTS мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мазкур иброз доштааст, ки “тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи дуюм оғоз мегардад. Бо мақсади омӯзиши пурраи забони англисӣ ва рушди касбии омӯзгорон дар асоси методикаҳои нав аз курси такмили ихтисос гузаштани онҳо мувофиқи мақсад хоҳад буд”.
Дар навбати худ Андриан Чедвик вохӯриро дар ҳошияи форум иқдоми созанда дар рушди ҳамкориҳо унвон карда, пешниҳодҳои муфиди худро ироа намудааст.
Ҷонибҳо пешниҳодҳои ҳамдигарро боиси рушди соҳаи маориф дониста, ба мувофиқа омадаанд, ки моҳи сентябри соли равон зимни сафари расмии Андриан Чедвик ба шаҳри Душанбе лоиҳаҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ ва амал қарор медиҳанд.