Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ карда, рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии №1-и пойтахти мамлакат низ бо оби гарми қубурӣ таъмин мегардад.
Дар ин хусус ба «Ховар» сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Қиёмиддин Сайфуллоев хабар додааст. Бино ба иттилои ӯ, 10 рӯз мешавад, ки Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт алакай бо оби гарм таъмин мебошад. Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе алакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян зарур аст, то онҳо марҳила ба марҳила ба кор шуруъ намоянд.
«Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон алакай ба анҷом расонида шудаанд»,- гуфтааст Қиёмиддин Сайфуллоев.