arzon replenishment
МАҲРИ ЗИЁД ТАЛОҚРО КАМ МЕКУНАД?
1970


Бахтиёр ва Фурӯзанда соли гузашта хонадор шуданд. Бахтиёр мегӯяд, он вақт аз ҷониби муллое, ки никоҳ мекард, маҳр як гов муайян карда шуд.

Худи Фурӯзанда дар бораи ин чиз хабар надошт ва вақти никоҳ аз модараш фаҳмид, ки мард бояд ҳаққи маҳрро пардохт кунад.

“Ман, ки духтари деҳотиаму дар деҳот шавҳар кардам, вақте аз модарам фаҳмидам, ки домод бояд маҳр пардозад, як гов хостам. Домод розӣ шуд, вале бо гузашти як сол ҳанӯз онро нахаридааст. Ман аз ин хафа нестам, зеро медонам, ки бо даст додани имкон шавҳарам ҳатман гови ваъдагиро бароям мехарад”, - зикр кард Фурӯзанда.

Бахтиёр ин андешаи ҳамсарашро тасдиқ карда, гуфт, ӯ ҳам ҳангоми никоҳ пардохти маҳрро аз мулло фаҳмид. То ин вақт ин калимаро ҳамон қалин медонист, ки қабл аз тӯй барои хариди ҷиҳоз медоданд. Вале вақти никоҳ барояш шарҳ доданд, ки ин рукни ҳатмӣ асту бояд муқаррар шавад.

“Ҳамсарам гов талаб кард. Ман ҳам розӣ шудам. Мутаассифона, то ҳол дастам нарасидааст, ки як гов харам, вале дар аввалин фурсат маҳрро пардохт мекунам”, - гуфт ӯ.

Масъалаи пардохти маҳр, ки ба қавли донишмандон пули нақд ва молу матоъ мебошад, дар вақти никоҳ, яъне издивоҷ барои арӯс ба зиммаи домод муқаррар карда мешавад.

точидин

Тоҷиддин Аҳмадзода, коршиноси масоили динӣ, маҳрро рамзи муҳаббату арҷгузорӣ ва садоқати домод нисбат ба арӯс номида, мегӯяд, аз назари ислом пардохти он ҳатмӣ аст.

“Маҳр ҳаққи шаръиест, ки пеш ва ё баъд аз издивоҷ аз ҷониби домод барои келин бояд дода шавад. Агар дар вақти никоҳ ҷонибҳо дар бораи маҳр надонанду калонсолон ҳам онро ба ёдашон наоранд, ин маънои онро надорад, ки маҳр аз байн меравад. Новобаста ба ин, он ҳамчун фарз бар гардани мард қарз мемонад. Зеро маҳр василаест барои гирифтани пеши роҳи фурӯпошии оилаҳо ва ҳикматаш ҳам ин аст, ки зан дар сурати талоқ гирифтан аз шавҳар рӯи роҳ намонад”, - мегӯяд коршиноси мазкур.

Тибқи қавонини исломӣ камтарин миқдори пардохти маҳр ҳафт мисқол нуқра (1 мисқол баробар ба 4,68 грамм аст) мебошад. Болотарини онро шариат таъкид накардааст ва зан метавонад онро бо салоҳдиди худ боло барад.

“Пардохти маҳр мӯҳлат надорад. Шавҳар метавонад онро ҳамон ҷо диҳад ва ё дар давоми зиндагии муштарак пардозад”, -мегӯяд ин коршинос.

Аммо ин танҳо дини ислом нест, ки маҳр дорад. Александр Кузнетсов, рустабор буда, феълан дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ӯ намояндаи дини масеҳӣ буда, мегӯяд дар дини онҳо ҳам маҳр ҳаст ва он “приданое” ном дошта ду навъ мешавад.

“Дар оилаҳои сарватманд маҳр дарҳол пас аз таваллуди духтар ҷамъ карда мешавад. Модари духтар барои ҷамъоварии он масъул буда, баъдтар худи арӯс бо ин кор машғул мешавад. Ба маҳри муқаррарӣ ашёи рӯзгор, пеш аз ҳама кӯрпаю болиштҳо, қолин, пардаҳо, маҷмӯи гуногуни табақҳо, зарфҳо, инчунин ҷавоҳирот ва ғайра дохил мешавад. Баъдтар, ҷониби домод ба болои он миқдоре пул илова мекунад, ки барои харҷи духтар сарф мешавад. Ин идомаи ҳамон маҳр аст ва инро маҳри калон мегӯянд”, - гуфт ӯ.

Ба шарҳи ҳамсуҳбатамон, қаблан соҳиби хона вазифадор буд, ки барои духтараш маҳр диҳад. Дар аксари мавридҳо, маҳр чизи ҳатмӣ набуд ва он аз амволи манқул ё ғайриманқул, чун молу мулк ташкил меёфт. Мувофиқи буҷҷаи келиншаванда имкони озод кардан аз масъулиятҳо, аз ҷумла пардохти маҳр низ вуҷуд дошт, аммо баъди ин зану шавҳар маҷбур мешуданд, ки дунафара кор кунанд. Шавҳар барои ба гарав гузоштан ва ё фурӯши замину дигар амвол, ки ҳамчун маҳр муқаррар шудаанд, бояд аз занаш иҷозат гирад.

“Ҳоло дар дигар давлатҳо намедонам, ки чӣ гуна аст, аммо вақте ман зан гирифтам, танҳо як миқдор маблағро чун маҳр ба хонадони арӯс додем. Ин маҳри калон буд ,ки аз маблағ иборат буд. Дар рӯзи тӯй сафедӣ ва ҳаққи шири оча гуфта, боз як миқдор маблағи дигар додем. Инро мо маҳри хурд мегӯем”, - гуфт ӯ.

мавлуда

Ба баёни ҷомеашинос Манзура Муродова, ба зиммаи мардон ба таври ҳатмӣ гузошта шудани пардохти маҳр қадру қимати занҳоро нишон медиҳад. Дар замони ҷоҳилият маҳри занҳоро парастори ӯ мегирифт ва худи духтар гӯё ба маҳр ҳеҷ алоқае надошт.

“Миқдори маҳрро духтар муқаррар мекунад ва бояд ба худи ӯ дода шавад, аммо афсӯс, пул ба дасти ворисони арӯсшаванда мерасад. Миқдори муайяншуда аллакай маълум аст, аммо аз иҷрои ҳадди он аксарият зиёдаравӣ мекунанд. Худи маҳр, ки дар минтақаҳои кишвар ҳам молӣ ва ҳам ашёӣ дода мешавад, бо номҳои “қалин” ва “туқуз” ном бурда мешавад. Дигар ин ки дар гирифтани маҳр имрӯз ба домодшавандагон аз ҷониби валии арӯсшаванда ба қавле ҷабр карда мешавад. Зеро миқдори маҳрро падару модари духтар муқаррар мекунанд, ҳол он ки, ин ҳуқуқро надоранд ва он низ бисёр гарон аст. Яъне, ҳоло бинобар сабаби зиёд муайян кардани маҳри молӣ аксарияти ҷавононро волидонашон зан намедиҳанд. Онҳо ба писаронашон мегӯянд, ки аввал пули қалинро кор кун ва баъд зан медиҳемат. Аммо барои пӯшонидани хароҷоти маҳр ва тӯй бечора домодро зарур меояд, ки як-ду соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кунад”, - гуфт ҷомеашиноси тоҷик.

Ба назари ӯ, пардохти маҳр сирф рабт мегирад ба дин ва он махсусан, баъди густариши дини ислом бештар паҳн шуд. Замони шӯравӣ ин масъала аз лиҳози қонунӣ барҳам хӯрд ва минбаъд онро оинҳо танзим мекарданд, вале то ин ҳад гарону миёншикан набуд.

Нуралӣ Карим, як тоҷики муқими Амрико, дар суҳбат бо “Оила” гуфт, ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” дар як даҳсола тавонист харҷу исрофкориҳои зиёдатии тӯю маъракаҳоро дар ҷумҳурӣ аз байн барад. Аммо дар ин қонун ҳадди маҳрро муқаррар накардаанд. Ҳарчанд ҳадди ниҳоии он муайян нашудааст, аммо барои ҷилавгирӣ аз ин худравиҳои волидони арӯсшавандаҳо дар муайян намудани маблағи молии аз ҳад зиёд барои домодро низ мебояд ба танзим даровард.

“Ба назари ман ҳадафи асосӣ он аст, ки пулу моли пардохтшударо барои хариди либосу ашёву лавозимоти рӯзгори ояндаи духтар харҷ мекунанд, яъне ба хотири сабукӣ овардан. Аввалан, хона хонаи домод аст, пас волидайни арӯс бояд гузоранд, ки домод мувофиқ ба табъи дили худ асбоби рӯзгорашро муҳайё кунад ва зарурате нест, то падарарӯс манзили ӯро зебу зиннат диҳад, ки он ҳам бо моли худи домод анҷом меёбад. Инро бояд дар ёд дошт, ки беҳтарини издивоҷ он аст, ки харҷаш кам бошад, - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки додани маҳр як урфи бостонии халқҳои Осиёи Марказист, ки баъдҳо ба одатҳои исломии ин мардум ҳам печид. Ҳоло, ки маҳр реша дар шариати исломӣ дорад, нисбат ба чанд соли пеш бештар побарҷост. Дар ҷомеаҳои суннимазҳаби Осиёи Марказӣ маҳрро барои рӯзи талоқи байни зану шавҳар ҳисоб мекунанд. Вале дар Эрон, ки такя ба мазҳаби шиа дорад, ҳаҷми маҳр аз як маблағи андаки рамзӣ то ҳадди ҳатто як миллион доллар фарқ мекунад.

Соҳибкори эронии муқими Тоҷикистон Фаластин Ёварӣ дар суҳбат бо “Оила” гуфт, ҳар як зани эронӣ ҳаққ дорад маҳрашро бидуни талоқ ҳам аз шавҳараш гирад. Ӯ гуфт, дар кишвараш маҳр бо сиккаи тило мӯд шудааст ва арӯсҳо бештар баробар ба соли таваллуди худ маҳр талаб мекунанд.

“Масалан, агар зан зодаи соли 1362 бошд, пас ҳамин миқдор сиккаи тилло мехоҳад. Аммо 1362 сиккаи тило баробари тақрибан 1 миллион доллар аст, ки на ҳар шавҳар тавони пардохташро дорад. Напардохтани он ҷиноят буда, бисёр мардони мо бо ҷурми напардохтан ба зиндон рафтаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин соҳибкори эронӣ гуфт, дар кишвари ӯ бисёр ҷавонон бо сабаби гаронии маблағи маҳр ва пайомадҳои ҳуқуқии напардохтани он оиладор намешаванд. Ҳамчунин, баъзе занҳо танҳо ба хотири гирифтани ҳаққи маҳр ба шавҳар мебароянд ва бо соҳиб шудан ба он талоқ мегиранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати дунявӣ аст, дар сатҳи қонун ҳаққи маҳр танзим карда нашудааст. Бинобар ин, дар ҳар шаҳру навоҳӣ ин оин ба таври гуногун амалӣ мешавад. Ин масъала пайваста ба қазияи доғ табдил ёфта, махсусан, сари ҳар чанд вақт гарон шудани андозаи он ҷомеаро ба ташвиш меораду ва сарусадоҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Дар муқобил, онҳое ҳам кам нестанд, ки набудани маҳр ва кам будани қалинро як омили аз ҳад зиёд шудани талоқ дар оилаҳои ҷавонони тоҷик медонанд ва пешниҳод мекунанд, ки маҳру қалин бояд гарон шаванд.

Вале новобаста ба ин ҳама баҳсҳо, ин мавзӯъ то ҳанӯз посухи мушаххаси худро наёфта, динҳо ба ҳатмӣ будани пардохти он назари якхела надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД