Модаркалони ҳунарпешаи 26-солаи турк Пинор Дениз ва амаки ҳунарпешаи 48-солаи турк Дениз Уғур бо иллати гирифторӣ ба “коронавирус” фавтидаанд. Дар ин бора хабаргузории “Кинотека” бо такя ба шабакаҳои иҷтимоии ин ситораҳо иттилоъ додааст.
“Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳол ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, аммо мегузарад. 11 нафар аз аъзои оилаи ман дар карантин ҳастанд. Шукр, ки ҷавоби ташхиси ҳамаамон манфӣ баромад, вале модарбузургамро аз даст додем. Боварӣ дорам, ки ӯ ҳоло дар биҳишт аст. Шумо ҳам худу наздиконатонро эҳтиёт кунед ва ба воҳима наафтед. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд”,-навиштааст, Пинор Дениз. Дениз Уғур низ аз даргузашти амакаш тариқи шабакаҳои иҷтимоии худ хабар додааст. “Вирус ин навбат узве аз оилаи моро рабуд. Қаҳрамони кӯдакии ман... Беҳтарин марди ҷаҳон... Амакам Ҷем Байер ба “коронавирус” гирифтор шуду дар идомаи табобаташ фавтид. Ӯ аз бемории илтиҳоби шуш ҳам азият мекашид ва дар хонааш танҳо зиндагӣ мекард. Ҳар як сонияро муҳим шуморида, худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед”,-навиштааст, Дениз Уғур. Дар Тоҷикистон мухлисони силсилафилмҳои туркӣ кам нестанд ва ба ҳамин хотир мо кӯшиш мекунем, ки иттилои дурустро аз ҳаёти ситораҳои турк ба хонандагон дастрас карда бошем. Тамошобинон Пинор Денизро аз филмҳои “Дурӯғи сафед”, “Бародари ман-2”, “Шамоли девона” ва Дениз Уғурро аз филмҳои “Ба ман барор хоҳед”, “Дар вақти борон” ва “Истанбули бераҳм” мешиносанд.