Салом! Дишаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам шавҳарам ба садама гирифтор шуда мурда буд ва ман дар болои сараш нола доштам. Метарсам, ки ба сари падари фарзандонам ягон фалокат наояд. Илтимос, таъбири хоби маро гӯед!
Розия аз Ҷиликӯл
Маргу мурда дар хоб таъбирҳои гуногун дорад. Чунин хоб метавонад далели дилсард гаштани одами хобдида аз ин дунёи гузарон, дучор гаштан ба ягон фалокат ё шикасти сахт дар ҳаёт, аз даст додани пулу моли зиёд ва муфлис шудан ё баръакс халосӣ аз гирдоби мушкилот ё қарз ва соҳиби зиндагии серу пури шоҳона гаштани шахс бошад.
Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки ягон одами барояш бениҳоят азиз мурдааст, дар асл он шахс умри дароз мебинад. Зан хоб бинад, ки шавҳараш аз олам гузаштааст ва дар сари тобуташ бо овози баланд нола дорад, байни он зан ва ҷуфташ баҳсу мунозира ва ё ҷангу ҷанҷоли сахти оилавӣ сар мезанад, бинобар ин, зане, ки чунин хоб дидааст, бояд дар муносибат бо ҳамсараш эҳтиёткор бошад ва барои ҳар майда-чуйда ба асаби мард расида, ҷангу ҷанҷол накунад.
Марги шавҳар дар хоб метавонад нишонаи хиёнат кардани мард ба ҳамсараш ё рамзи фироқ ва ҷудоӣ низ бошад. Бо дасти худ куштани шавҳар дар хоб нишонаи он аст, ки ин зан дар зиндагӣ ягон кори нодуруст карда истодааст ва ин амалаш метавонад боиси бе шавҳар монданаш гардад.
Дар аксари хобнома марг дар хоб ҳамчун рамзи оғози як зиндагии нави серу пур ва хушбахтона, яъне ҳаёти биҳиштӣ барои шахси хобдида низ таъбир карда шудааст.