Хоби бад
Зиндагии ин хонавода, як авлоди бонуфузу сарватманд бо ғаму андуҳу тӯю маъракаҳои хеш идома дошт. Онҳо зан мегирифтанд, аспбозу мошиндӯст буданд, бисёр вақт маъракаҳои бузкашии калон барпо мекарданд, аммо хеле накӯкор буданд. Ҳар сол ҳазорон сомонияшонро сарфи мардуми камбизоат мекарданд. Он афродеро, ки пул надоштанду мехостанд хонаи Худоро зиёрат кунанд, ба ҳаҷ равон мекарданд, кӯчаҳои деҳаро мумфарш мекарданд, бачаҳои сағирро ба донишгоҳҳо дохил мекарданд ва барои ин амалҳои некашон мардум дӯсташон медоштанд. Зулайхову Додихудо низ писари калонашонро хонадор карда, соҳиби набера шуданд, дуюмӣ дар донишгоҳ мехонду севумиву чорумӣ дар мактаб. Як рӯз Додихудо, ба занаш гуфт, ки ба пойтахт мераваду насиб бошад, ду рӯз пас бармегардад. Зулайхо ба сафарҳои шавҳараш одат карда буд, зеро ӯ кори бисёре дошт, ғайр аз ин дар ноҳияҳои гармтар аспхонаву гову мол доштанд, ки он ҷо коргарон доштанду онҳоро хабаргирӣ мерафт. Зулайхо шаб хоби баде дида буду намехост шавҳараш сафар кунад, ӯ ин фикрашро ба шавҳар гуфту ӯ бо хандаи талх посух дод, ки “оҳ ту кампири Зулхумор, ин қадар хоб мебинӣ”.
Зан ҳамсарашро гусел кард, аммо дилаш сип-сиёҳ буд, пас аз рафтани ӯ таҳорат карду намоз хонд, чанд варақ Қуръон ҳам хонда, ба ҳаққи рӯҳи гузаштагон бахшид. Боз дилаш ором нагирифту ба келинаш фармуд, ки ош пухта, ба ҳамсояҳо тақсим кунад, бо парешонхотирӣ рӯзро бегоҳ карду чун шавҳараш занг зада, сиҳату саломат ба ҷой даркорӣ расиданашро гуфт, каме сабук шуда, нафаси осуда кашид, вале…
Ду рӯз баъд соатҳои шаши бегоҳ бародаронаш ҳамакаса ба хона омаданд, писараш бо ранги канда ӯро ба нишастан даъват карда гуфт:
-Очаҷон, падарамро аз даст додем.
Нимаҳои шаб ҷасади дар хуну хаф омехтаи Додихудоро, ки дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд, ба хонааш оварданд. Субҳи барвақт писари донишҷӯяш бо як зани нозанин омаданд ва писараш гуфт:
-Очаҷон, ин апаам ҳамсари падарам.
Зулайхо, духтараки сафедандомро, ки дар як дасташ дасти духтараки чор-панҷсолаеро сахт медошт, ба оғӯш гирифта, нола кард. Мардум, хаёл карданд, ки омадани зани дуюми шавҳар Зулайхоро хашмгин мекунад, аммо зан алами сахттаре аз рашк дошт. Пас аз чанде пайи ҳам се зани дигаре яке аз дигаре зеботар вориди ҳавлӣ шуданд. Яке кӯдаки дусола дошту боз ҳомиладор, дигаре кӯдакаш нав чилрӯза ва танҳо як нафараш бе фарзанд буд. Зулайхо онҳоро ба хона дароварду хушомадед гуфт, чор зан атрофи майит талх нола мекарданд. Пас аз ба хок супоридани Додихудо, Зулайхо онҳоро садқаву банда шуда гуфт:
-Кош падари писаронам чор зани дигар мегирифту зинда мемонд.
Аз нақли занҳо бармеомад, ки онҳо ҳамагӣ аз оилаи камбағаланду аз бахти аввал наосуда, бо амри тақдир бо Додихудо вохӯрдаанду соҳиби хонаву дар ва як луқмаи нон шудаанд…
Хонандаи азиз, шояд ин қисса ягон ҷанбаи тарбиявӣ надошта бошад, аммо танҳо мардии як мард маро ба навиштани он таҳрик дод. Бале, Додихудо қонунро вайрон карду чор зан гирифт, ба занаш хиёнат кард, вале барои чор зани дар нимароҳи қисмат монда такягоҳ шуд. Онҳоро ба донишгоҳ дохил кард, барояшон хона сохт, магар дар ин замони пур аз алфонсу номард ин қаҳрамонӣ нест?! Боқӣ, қазоват аз шумост….