Субҳ дар идора машғули корҳои эҷодӣ будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро бардоштам. Садои гиряолуде ба гӯшам расид:
-Ин ҷо сайти “Оила” аст?
-Бале, магар ягон мушкилот доштед?
Корҳоямро як сӯ гузошта гӯшу ҳуш гаштам. Зан оҳи сарде кашида гуфт:
-4 рӯз пеш ҷасади ба хоку хун оғӯштаи беҳтарин ҷавони деҳаамон Саидмуроди номуродро аз Русия оварданд. Тамоми мардуми деҳа барои Саидмурод мотам гирифтанд, чунки бачаи беозори дидадаро ва меҳрубон буд. Бечора панҷ сол азоби бефарзандӣ кашид. Барои бор овардани нахли умраш сарашро ба кадом дару деворе, ки назад. Пас аз табобатҳои тӯлонӣ ҳамсараш ҳомиладор шуду Саидмурод бо хотири ҷамъ мардикорӣ рафт. Тақдири бадро бинед, ки рӯйи фарзандашро надида аз олам гузашт. Модари бечорааш чунон рӯзи дафни Саидмурод мегирист, ки дили санги хоро ҳам аз нолаҳои зораш ба дард меомад. Қатори очаи Саидмурод тамоми занҳои маҳалла бо дилҳои ғамнок гиристанду нолиданд, зеро мо ҳам фарзандони ғарибу мусофири раҳдур дорем. Мақсади ба “Оила” муроҷиат карданам он аст, ки арзи дили мо, модаронро ба писаронамон бирасонед.
-Эй ғарибони дур аз ватан! Баргардед ба назди падару модар ва зану фарзандони чашминтизоратон, зеро нони ғарибӣ арра дорад. Фикри пулу моли дунёиро накунед, зеро Саидмурод ҳам пул гуфта ба Россия рафта буд, вале акнун пулҳои ба хун олудаи писар дигар ба дарди дили падари пиру модари зораш заррае даво шуда наметавонанд. Ягон модар дар ҷаҳон тоби бардоштани доғи писарро надорад. Фарзандонам, модарони чашминтизоратонро ҷигархун накарда, зудтар ба Ватан баргардед!
Сангимоҳ, аз н. Рӯдакӣ