Formula novemver 2024
Марги Назира, мотами аҳли деҳа гашт
8325

 

Кайвонуи оқила

Модарам дар байни занони маҳалла обрӯю эътибори хос доштанд, тамоми занҳои деҳаамон дар тӯю маъракаҳояшон «Сабоҳатхон, чӣ кор кунем?» гӯён, ба назди он кас маслиҳатпурсӣ меомаданд. Ҳар дафъа модари оқилаам маслиҳат медоданд, ки ба дигарон таассуб накунед, қудрат ба тавоноӣ гуфтаанд, ҳар чӣ доред, ҳамонро рӯйи дастурхонатон гузошта, тӯю маъракаатонро гузаронед. Мардумро қоил мекунам гуфта, миёни марди хонадонатонро нашиканед. Кӯшиш кунед, ки маъракаатон бе қарз гузарад. Поятонро ба пойи мардуми доро дароз накунед…

Келинвор рафтор кунед, ҳамсоя!

Як бегоҳӣ аз кор омада дидам, ки модарам бо зани ҳамсоя дар болои кати чӯбини зери ҳавозаи ток гузошташуда нишаста суҳбат доранд. Модарам ба ҳамсоязан мегуфтанд:

         -Ҳидоятҷон, барои бо келин муросо кардан худатон бояд келинвор рафтор кунед, на хушдоманвор.

         -Гапатонро нафаҳмидам, ояҷон, дурусттар фаҳмонед?-ҳайрон шуда пурсид ҳамсоязан.

         -Шукри худо, ҳоло тану ҷонатон боқувват аст, аз дастатон ҳама кор меояд. Интизори аз кор омадани келин нашуда хӯрок пухта монед, каму беш корҳои хонаро кунед. Хонаро ғундореду ҳавлиро рӯбед, ҳам табъи писаратон хуш мешаваду ҳам келин аз кор баргашта имкон меёбад, ки ҷомашӯию дигар корҳои боқимондаро сари вақт анҷом дода, барвақттар хобад ва каме ҳам бошад, дам гирад. Худатон як фикр кунед, охир ҳамон бечораи келинатон ҳам одам аст, рӯзи дароз кори давлатро карда хаста мешавад, албатта ба вай ҳам дам гирифтан, асабашро ором кардан лозим аст. Ман хушдоманам, бояд ҳама корро келин кунад гуфта шинед, бегоҳ писаратон аз кор меояд, ки ҳанӯз хӯроки шом тайёр не, ҳавли нарӯфтагӣ, косаву табақи саҳарӣ ноништа карда ношуста, аз ин ҳол албатта ба ғазаб меояд. Келин диққат, ки кадом як корро кунад. Фарзандонро аз боѓча оварда, либосашонро иваз кунонад, сабзиву пиёз тоза карда хӯроки шом пазад ё ҳавлию хона рӯбад? Ана барои ҳамин дар хонаатон ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол. Ҳидоятхон, агар шумо каме ба келинатон кӯмак кунед, бовар кунед, ки ин моҷароҳо худ аз худ аз байн мераванд…

Хушдомани ҷаллод келинро бева кард

Аз афташ панду насиҳатҳои модарам аз як гӯши ҳамсояи мағрурамон даромада аз гӯши дигараш баромаданд, ки баъди чанд моҳ оилаи писараш вайрон шуд. Ҳидоятхон тамоми айбу гуноҳро ба сари келини бечорааш бор карда, ҷавонзани бетолеъро танбалу ноуҳдабаро гӯён, дар ҳама ҷо ғайбат карда мегашт, вале мо, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекардем, хуб медонистем, ки сабабгори асосии вайрон шудани оилаи ҷавон хушдомани бадзабон ва бераҳму беинсоф буд. Келинаш ҷавонзани зебои хушқаду қомат ва бисёр сарпасту меҳнатӣ, ки соҳиби ду фарзанд буд, аз рӯйи айбҷӯиву иғвоангезиҳои модаршӯи беандешааш оқибат аз шавҳараш ҷудо шуда, бачаҳояшро гирифта баромада рафт.

 

Дод аз дасти модар!

Писари Ҳидоятхола Саврулло зани дуюм гирифт, вале боз ҳамон аҳвол! Ҷанҷолу носозгории келину хушдоман қариб ин оилаашро ҳам вайрону ӯро дубора бадбахт карда буд, барои ҳамин Саврулло маҷбур шуд, ки аз дигар гузар ҳавлӣ харида, занашро гирифта равад. Бо ин ҳам хотирҷамъ нашуд, модари бадҷаҳлаш ба ҳамон ҷо ҳам рафта бо келин ҷангу ҷанҷол бардошта мегуфтааст: «Ҷодугари худозада, ту писарамро ҷоду карда аз ман ҷудо кардӣ, ҳоло ист, рӯзатро сиёҳ мекунам…»

 

 

Ҳидоятҳо бисёранд

Бадбахтона, Ҳидоятхон барин хушдоманҳо кам нестанд. Ҳангоми иҷрои вазифа ба дастам аризае омад, ки онро падару модари наварӯсе навишта буданд: «Марде, ки зани худашро тарбия карда наметавонад, чӣ хел фарзандони мардумро тарбия мекунад, ӯро аз муаллими холӣ кунед» навишта буданд арзкунандагон. Аризаи шикоятиро гирифта барои санҷидани далелҳои дар он ҷойдошта ба деҳа рафтам ва бо марде, ки аз рӯяш аризаи шикоятӣ омада буд, шинос шудам. Мудири қисми илмии мактаб будааст. Асли воқеаро аз муаллим пурсон шудам. Мард сар ба зер афканд ва оҳи бадарде кашиду гуфт:

-Сабаби ин ҳама ҷангу ҷидолу даъвоҳо ҷанҷоли зану келинам барои як чобаи (зарфи) нигоҳдории карасин аст. Келин зарфи карасиндорро аз таги танӯр гирифта истифода бурдаасту боз ба ҷояш намондааст. Занам мебинад, ки зарф дар ҷояш нест, аз келин мепурсад. Арӯс мегӯяд, ки барои бехавфӣ аз таги танӯр гирифта ба онҷо мондам, то вақти нонпазӣ аз танӯр лахчае афтода оташ нагирад. Ҳамсари беақлам барои ҳамин дупула гап шуда ҷангу ҷанҷол мебардорад. Бегоҳ аз кор ба хона равам, хонаам пур аз одам, хешу табори келин омада писарамро лату кӯб кардаанд, ки модари ту бо духтари мо ҷанҷол кардааст. Маро диданду писарамро монда ба ман часпиданд. Ба сарам калтак бардошта хостанд бо он зананд, вале касе аз ҳамсояҳо пеши роҳашонро дошт. Ин қадар ҷанҷолу занозанӣ аз рӯйи як ҷоба карасини зормонда! Зани беақлам бо келин моҷаро намекард, оилаи писарам вайрону набераҳоям сарсон намешуданд…

Рашки модаршӯй

Дар ҳуҷраи корӣ нишаста будам, дари утоқам кушода шуд ва ду зан пасопеш даромаданд. Яке аз онҳоро хуб мешинохтам, аниқтараш вақти дар синфҳои дар 6-7 хонданаш ӯро дарс дода будам. Чашмони духтарак аз гиря варам карда буданд.

-Муаллимҷон, наздатон омадем, ки ба ҳамин шогирдатон кӯмак кунед,-беҷуръатона хоҳиш кард зани ҳамроҳаш омада, ки модараш будааст.

-Пурсидам, ки чи воқеа рӯй додааст. Зан оҳи сарде кашида гуфт:

-Ҳамин духтарамро шаш моҳ пеш ба шавҳар дода будам. Хушдоманаш аз рӯзи аввал рашк карда ҳар шаб ба паси дарашон меомадааст ва дару тирезаро тақ-тақ зада «ҷувонимаргҳо, мемуред, ки аз ҳамдигар ҷудо хоб кунед» гуфта дашномҳои қабеҳ медодааст. Пагоҳӣ духтарам ҳавлирӯбӣ баромада ба хусуру хушдоманаш салом диҳад, модаршӯяш ӯро дуоҳои бад карда мегуфтааст: «Дафъ шав аз назарам, минҷалоқӣ! Ту бесоҳиб аз ким-куҷо омада, хонаю дар ва писари бо гули чиз калонкардаи маро соҳиб шудан мехоҳӣ? Ин хобатро ба об гӯй! Зиндагиатро вайрону оби дидаатро дар бари рӯят накунам, аз пушти падарам набошам…» Домодам бисёр бачаи беҷуръат аст, гап задан он тараф истад, ҳатто ба рӯйи падару модараш нигоҳ карда наметавонад. Метарсам, ки рашки хушдоман духтарамро оқибат аз шавҳараш ҷудо карда, номи бади бевагиро ба домонаш начаспонад. Шумо ба байн дароед, хонаашонро ҷудо кунанд, шояд оилаашон пойдор мемонад…

Бо ҳамроҳии раиси кумитаи маҳалла ба ҳавлии хушдомани он шогирди бадбахтам рафтем. Бо падари ҷавон ва хешу табор маслиҳат кардем. Онҳо ба хулосае омаданд, ки оилаи ҷавонро ба ҷойи дигар мекӯчонанд. «Илоҳо асло рӯяшро набинам! Ман аз афту андоми хунуки ин хел келин безорам! Тезтар гум шавад аз ҳавлиам»,- бидиросзанон мегуфт хушдоманаш. Маълум буд, ки зани бисёр шаттоҳ ва ҷанҷолӣ аст. Ба келинчак офарин хондам, ки чӣ тавр шаш моҳ тоқат карда бо чунин хушдомани золим муросо намудааст.

Хулоса, аз ҳудуди совхоз ба домод замин гирифта додем. Бо ёрии хешу ақрабо як кулбаяки фақирона сохта ҳамсарашро бурд. Шукри худо, ҳоло соҳиби 5 писари паҳлавонанд. Зану шавҳар меҳнат карда, хонаҳои зебо сохтанд, аз ягон чиз камбудӣ надоранд…

Рӯзи сиёҳи Назира

-Модарҷон, шумо чиҳо гуфта истодаед? Ҳоло ба хонадориамон як сол нашудааст, чаро ин қадар суханони носазоро дар ҳаққи ман мегӯед? Ин фарзанде, ки дар батн дорам, охир набераи ҳаққу ҳалоли шумо-ку,- модаршӯяшро сари инсоф оварданӣ мешуд келинчаки гирён Назира.

-Аз худат ҳам безораму аз сағераат ҳам, дар ду дунё ба ман ин хел набера даркор нест! Рав, зудтар дафъ шав, ки дигар афту башараатро набинам,-девонавор дод мезад хушдоманаш.

Ҳамсояҳо ба сари бому бомгӯшаҳояшон баромада ҷанҷоли келину хушдоманро тамошо мекарданд, вале касе ҷуръат намекард, ки ба байн дарояд. Морзабонии кампири Ҳадисаро ҳама хурду калони маҳала медонистанд ва «аз бало ҳазар» гӯён, ҳеҷ гоҳ бо вай сар ба сар намешуданд.  

Назира гирёну нолон аз дарвоза баромада ба сӯи хонаи падару модараш равон шуд. Ҳаво хунук, чиллаи зимистон бошад ҳам, ин келинчаки бадбахтро модаршӯйи беинсофаш таги як курта аз дар берун карда буд. Аз сардии ҳаво дасту пой ва лабҳои нозуки Назира кабуд шуда, базӯр роҳ мегашт. Ҷавонзани ҳомиладорро роҳгардиаш торафт мушкилтар мешуд, метарсид, ки тифли батнашро дар роҳ мезояд…

Хайрият, ки хонаи падараш чандон дур набуд ва модараш, ки барои кадом ҳоҷате ба кӯча баромада буд, аз дур Назираро дида ба имдодаш шитофту аз дасташ дошта зуд ӯро ба хона даровард. Назираи бадбахт гириста-гириста буду шуди ҳодисаро ба модараш нақл кард, вале модар ӯро насиҳат намуд, ки ботамкин бошад, тоқат кунад, чунки сабурон аз сабр ёфтаанд. Ҳамин тавр аз байн чанд рӯз гузашту Назира дар хонаи модараш духтарча таваллуд кард.
Хушдоману хоҳаршӯйҳояш ягон бор ба дидани тифлак наомада бошанд ҳам, баъди баромадани чилааш модараш кулчаю тӯшаи бисёре карда Назираро бо фарзандаш ба хонаи қудояш бурд, то наберааш зиндаятим нашавад, вале қудозан ҳатто саломашонро алек нагирифт. Назира хост духтарчаи мисли гул зебояшро ба оғӯши бибиаш гузорад, вале хушдоманаш «сағераатро зуд аз пешам дафъ кун, ман аз ин хел набера безорам» гӯён, кӯдакро аз дасти ӯ нагирифт. Ҷавонзани бетолеъ насиҳати модарашро гирифта, ба ҷабру ҷафои хушдомани золим тоқат карда дар хонааш монд, ба умеде, ки ақли модаршӯяш ба сараш мезанаду одами хуб мешавад, вале умедҳояш хом баромаданд. Назира соҳиби ду фарзанди дигар шуда дар ин хонадон аз дасти хушдомани морзабон рӯзи хушро ҳеҷ надид, ки надид. Оқибат ба зулму ситами хушдоман тоб наоварда ин келинчаки бадбахт худро ба дор овехту хушдоманашро ба маҳкама кашиданд. Ҷойи кампири ситамгар оқибат паси панҷараи зиндон шуд.

Рӯзи ҷанозаи Назираи сиёҳпича модараш сарашро ба дару девор зада, мегуфт:-Кошки ҳамон вақт духтарамро дубора ба хонаи хушдомани золимаш намебурдам. Бева мемонду зинда мешуд…

Сарнавишти талхи Назира ва дигар келинҳои бадбахтро барои он рӯйи коғаз овардам, ки ба дигарон панд шавад ва хушдоманҳо ба келинҳояшон меҳрубон шаванд. Хушдоманҳо! Фаромӯш накунед, ки ба келин зулму ситам карда, шумо хонаи фарзандатон, ҷону ҷигаратон, писари азизатонро бо дасти худатон вайрон мекунед. Келин аз рӯйи писаратон ба хонаи шумо омадааст, пас вай ҳам фарзанди шумост. Пас, чаро ба фарзанди худ ҷабр мекунед?!

                 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД