Дирӯз дар маҳаллаи мо мӯйсафеде, ки хурду калон ӯро “Мусоршик” мегуфтанд, вафот кард, ки синнаш аз ҳаштод ҳам боло буд.
Бобои “Мусоршик” ҳарчанд фарзандони баркамолу ёбанда дошт, аммо ҳамин ки бекор мемонд, зуд як халтаи калони селофаниро мегирифту дар атрофи бакҳои партовпартоӣ ва ҷойҳои махсуси ҷамъоварии онҳо пайдо мешуд. Ӯ фақат пораҳои нонро ҷамъ мекард ва баъдан ин нонҳои мардум партофтаро ба ягон нафари молдор медод ва ё агар аз ҳад зиёд шавад, писари хурдиашро маҷбур мекард, ки ба деҳаи наздиктарин бурда, ба онҳо диҳад. Ба вай пул лозим набуд ва онро танҳо ба хотири “нон зери по нашавад” анҷом медод.
Мӯйсафед пеш аз маргаш қариб се моҳ бемор шуд. Писаронаш ба чандин ҷой, ба назди духтурони машҳур бурданд, вале аҷал доманашро раҳо накард.
Инак, се-чор моҳ мешавад, ки партовгоҳҳои маҳалла бе “бобои Мусоршик” монданд ва ҳоло сари ҳар қадам, дар ин партовгоҳҳо нонпораҳои сахтшуда ва ҳатто нонҳои бутунро дидан мумкин аст. Канӣ “бобои Мусоршик”, ки онҳоро аз роҳ ва зери пои одамон гирад?
Ӯ ҳамеша мегуфт, ки “нонро зери по накунед, нон одамро кӯр мекунад”. Магар мо аллакай кӯр шудаем, ки нони зери поро намебинем?
ГАВҲАРБӢ, н. Фирдавсӣ, ш. Душанбе