sebiston july new
Марги фоҷиавии зани 52- сола дар садамаи нақлиётӣ
911


Бар асари бархӯрди “Опел-Астра” бо мошини калони боркаши тамғаи “Дулан” як нафар ба ҳалокат расида, боз чанд тани дигар, аз ҷумла як кӯдаки хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳодиса дар шоҳроҳи”Панҷи поён-Душанбе” сар зада, мошини сабукрави тамғаи “Опел-Астра” ба Дулан, ки дар роҳ истода буд, бархӯрдааст.
“Санаи 22-юми январи соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулон” Мисков Абдуҷалил Абдусатторович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Панҷи поён - Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, мошинро дар маркази хатти роҳи дар боло зикршуда қарор додааст, ки дар ҳамин вақт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Абдуҷаббор Каримҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ҳамин ноҳия, омада ба қисмати қафои автомашина бархӯрдааст”-хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилоъи манбаъ, бар асари ин садама мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холиқова Руҳамо Исматуллоевна, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофирони дигари ҳамин мошин Холиқов Каримҷон Шоҳмадуллоевич, соли таввалудаш 1969 ва ноболиғ Холиқова Хатича Сатторовна, соли таваллудаш 2017 ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Таҳқиқот аз рӯйи ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД