arzon replenishment
Марги фоҷиавии 61 мусофир бар асари суқути ҳавопаймо
599

Бар асари суқути ҳавопаймо 61 нафар ба таври фоҷиавӣ ҷон доданд. 57 нафар шаҳидони фалокати мазкур мусофирон ва 4 нафари дигар ҳайати сарнишини ҳавопаймо будаанд...

Ин ҳодисаи нохуш дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия рӯй дода, бар асари суқути ҳавопайдо 61 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тавре хабаргузории «Синхуа» иттилоъ додааст, ҳавопаймои ширкати минтақавии ҳавонавардии Бразилия - Voepass, ки аз шаҳри Каскавелии Иёлоти Парана ба фурудгоҳи байналмилалии Гуарулюси Иёлоти Сан-Паулуи Бразилия парвоз анҷом медод, дар айни парвоз суқут намуда, бар асари ин фалокат 61 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар Бразилия бинобар суқути ҳавопаймо рӯзи мотами миллӣ эълон карда шуд.

Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиабор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД