Sebiston new 2024 october
Марги фоҷиавии 6 нафар дар Айнӣ
1496

Субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд боз як ҳодисаи маргбори нақлиётӣ сар зада, ҷони чанд нафарро рабуд...

Ин рӯйдоди нохуш тахминан соатҳои 5-и субҳи имрӯз дар километри 145-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Айнии Вилояти Суғд сар задааст. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ронандаи мошини тамғаи «Starex» ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба сӯйи шаҳри Панҷакент инони идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, дар натиҷа мошин ба ҷарии қаъраш 200 метр сарозер рафтааст.  

Бар асари ин ҳодисаи нохуш 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Наҷотбахшон ҷасади ронанда ва 5 мусофири мошинро аз қаъри ҷарӣ бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Бар асари ин фалокат чанд тани дигар низ ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудаанд. Дар байни захмиён як зан ва ду кӯдак низ ҳастанд, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД