arzon replenishment
Марги фоҷиавии 5 ҷавони кӯлобӣ ба хотири харгӯш
1354


Дар Кӯлоб якбора 5 нафар ба хотири харгӯш ҷони ширини худро аз даст додаанд. Қурбониёни муҳаббат ба олами вуҳуш аз 6 то 45-сола буда ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидаанд...


Ин фоҷеа рӯзи 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рӯй дода, панҷ нафар ба хотири муҳофизат аз ҷонварон бо марг рӯ ба рӯ гаштанд. Қурбониёни ин ҳодисаи нохуш мехостаонд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд, вале кӯҳпора якбора ба болояшон чаппа шуда, ҳамагӣ зери хок мондаанд.
Бадбахтона, зинда аз зери хоктӯда берун кашидани дӯстдорони олами вуҳуш муяссар нагашта, сокинони маҳал дастаҷамъона панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.
Дар байни қурбониёни олами ҳайвонот танҳо як марди болиғ будааст, ки 45-сол дошт, боқӣ ҳама кӯдакон ва наврасон буда, 12, 10, 9 ва 6 сол доштаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба волидони қурбоншудагон изҳори тасаллият намуда, ба сокинони дигари кишвар ҳушдор додааст, ки аз иҷрои чунин корҳои хатанок, ки паёмадҳои нохубу нохӯш доранд, худдорӣ намоянд.
“Ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо махсусан кӯдакону наврасонро ҳаргиз ҷалб кардан мумкин нест”-мегӯяд кумита.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД