arzon replenishment
Марги фоҷиавии 4 узви як оилаи тоҷик дар Русия
591

 

4 нафар аъзоёни як оилаи тоҷик ҳаноми сӯхтор дар як бӯстонсарой дар Сургут ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора ura.news хабар додааст.

Ҷисми бе ҷони 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар як бӯстонсарой дар Сургут пайдо намудаанд. Маълум шуд, ки ҳамаи фавтидагон аъзоёни як оила мебошанд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ сӯхторхомӯшкунандагон ҷасади як зани ҷавон, духтарчаву писарчаи хурдсол ва як марди калонсолро пайдо карданд,ки ҳама аъзоёни аз як хонавода будаанд.

Гуфта мешавад, ки қурбониёни ин сӯхтор аҳли оилаи Бойназар Хушназарови 54 сола будаанд, ки чанд соли охир дар Сургут зиндагӣ мекарданд. Дар ин фоҷаи худи Бойназар Хушназаров ва келини 27-солааш Сарвиноз Бойназарова бо ду фарзанди 1, 6 ва 4 солааш ҷони худро аз даст додаанд.

Фавтидагон аз ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, солҳои охир дар Сургут зиндагӣ мекарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД