Шаби гузашта 4 нафар аҳли як оила дар Вилояти Суғд ба таври фоҷиавӣ аз олам гузаштанд.
Ҳодиса дар шаҳри Исфара рӯй дода, зан ва се кӯдаки хурдсолаш бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Аҳмадҷон Фаридунов дар шабакаи Фейсбук хабар додааст.
Ҳодиса дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара рӯй дода, кӯдакони ба ҳалокат расида ду писарбачаи 13 ва 6 сола ва як духтарчаи 10 сола будаанд.
Ин нахустин ҳодисаи марги одамон аз дуди ангиштсанг набуда, чанде пештар як зану шавҳари калонсол низ бар асари заҳролудшавӣ аз дӯди ангишт ҷон дода буданд.
Бо сабаби норасоии нерӯи барқ ва ҷорӣ шудани “лимит” аксари сокинони деҳот дар фасли зимистон манзили худро бо ангиштсанг гарм мекунанд. Албатта ангишт манзилҳоро гарму бароҳат месозад, вале бадбахтона баъзан дуду ғализи он боиси заҳролудшавӣ ва ҳатто марги одамон мегардад.
П.С.
Ҳодиса дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара рӯй дода, кӯдакони ба ҳалокат расида ду писарбачаи 13 ва 6 сола ва як духтарчаи 10 сола будаанд.