Arzon march 2024
Марги фоҷиавии 3 шаҳбачаи тоҷик дар Россия
1274


Боз як шаҳбачаи тоҷик дар мулки рус ҷони ширини худро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурданд. Ин се ҷавони номурод аз ҷамоати деҳоти Ғозантараки ноҳияи Деваштичи (собик ноҳияи Ғончӣ) Вилояти Суғд буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийскаяи шаҳри Санк-Петербурги Россия ҳамчун ҳаммол (грузчик) кор мекардаанд.

Фоҷиа дирӯз, яъне шоми 28 -август, тахминан соатҳои 20:11 сар зада, ба иттилои Бомдод ронандаи мошини тамғаи "Chevrolet Lanos", ҳангоми ҳаракат дар дохили базаи меваю сабзавоти “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ӯҳдаи идораи мошин баромада натавониста, бо суръати баланд ба як мошини фураи притсепдори тамғаи "Man" бархӯрдааст.

Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23- сол дошт ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштаанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. "Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин аст”

Ба иттилоъи манбаъ, дарҳои мошини комилан пачақшударо бо душворӣ кушода, қурбониёни садамаро баровардаанд. Ҳамаи онҳо зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекардаанд. Дар ин хунин Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998, Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001 ва Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002 ҷавонии худро аз даст доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД